1 Ва ин аст насабномаи Ҳорун ва Мусо, дар рӯзе ки Худованд дар кӯҳи Сино ба Мусо сухан ронд.
Ин аст насаби писарони Нӯҳ: Сом, Ҳом ва Ёфат. Ба онҳо баъд аз тӯфон писарон таваллуд шуданд.
Ин аст пайдоиши осмон ва замин, дар ҳини офариниши онҳо, дар рӯзе ки Худованд Худо замин ва осмонро ба вуҷуд овард,
Ин аст китоби насаби Одам: дар рӯзе ки Худо одамро офарид, ба шабоҳати Худо ӯро сохт;
Ва ин аст номҳои писарони Левӣ бар ҳасби наслҳошон: Ҷершӯн, ва Қаҳот, ва Марорӣ. Ва солҳои умри Левӣ: саду сию ҳафт сол.
Ва Амром аммаи худ Юкобадро барои худ ба занӣ гирифт, ва вай барои ӯ Ҳорун ва Мусоро зоид; ва солҳои умри Амром: саду сию ҳафт сол.
Ҳаминҳо буданд, ки ба фиръавн, подшоҳи Миср, сухан ронданд, то ки банӣ‐Исроилро аз Миср берун оваранд; ҳамин Мусо ва Ҳорун буданд.
Ва Худованд ба Мусо дар кӯҳи Сино сухан ронда, гуфт:
Ин аст аҳкоме ки Худованд ба Мусо барои банӣ‐Исроил дар кӯҳи Сино амр фармудааст.
Ва банӣ‐Исроил мувофиқи ҳар он чи Худованд ба Мусо амр фармуда буд, ба амал оварданд; ҳамин тавр таҳти байрақҳои худ хайма мезаданд, ва ҳамин тавр ҳар яке бар ҳасби қабила ва хонадони худ кӯч мекарданд.
Насабномаи Исои Масеҳ, Писари Довуд, Писари Иброҳим.