Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 28:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва ба онҳо бигӯ: ин аст қурбонии оташине ки бояд ба Худованд тақдим кунед: барраҳои нари яксолаи беайб, ҳар рӯз ду адад, барои қурбонии сӯхтании доимӣ.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 28:3
25 Iomraidhean Croise  

То ки бар қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ барои Худованд ҳамеша, ҳар субҳ ва ҳар шом, қурбониҳои сӯхтанӣ тақдим кунанд, бар тибқи ҳар он чи дар Тавроти Худованд, ки онро ба Исроил амр фармудааст, навишта шудааст;


Қурбониҳои сӯхтаниро барои ҳар рӯз бар тибқи фармудаи Мусо, барои шанбеҳо, ва барои навмоҳҳо, ва барои идҳо се маротиба дар як сол: дар иди фатир, ва дар иди ҳафтаҳо, ва дар иди хаймаҳо.


Ва баъд аз он қурбонии сӯхтании доимиро дар навмоҳҳо, ва дар ҳамаи идҳои муқаддаси Худованд, ва барои ҳар касе ки ба Худованд ионат меоварад, баровардан гирифтанд.


Ва фавҷҳои ӯ бархоста, қудси истеҳкомро палид хоҳанд кард, ва қурбонии доимиро ботил хоҳанд намуд, ва қабоҳати харобкунандаро хоҳанд гузошт.


Ва аз замони ботил кардани қурбонии доимӣ ва гузоштани қабоҳати харобкунанда ҳазору дусаду навад рӯз хоҳад гузашт.


Ва он то Сарвари лашкар бузург шуд, ва қурбонии доимӣ аз Ӯ гирифта шуд, ва макони муқаддаси Ӯ тарк карда шуд;


Ва ман муқаддасеро шунидам, ки сухан мегуфт, ва ин муқаддас ба фалонӣ сухан ронда, гуфт: «Рӯъё дар бораи қурбонии доимӣ ва дар бораи маъсияти харобиовар, ки қудс ва лашкарро поймол намудааст, то ба кай хоҳад буд?»


Ва писарони Ҳорун онро бар қурбонгоҳ бо қурбонии сӯхтанӣ бар ҳезуме ки бар оташ мебошад, месӯзонанд, — ин қурбонии оташин, атри гуворо барои Худованд аст.


«Ба Ҳорун ва писаронаш амр фармуда, бигӯ: ин аст қонуни қурбонии сӯхтанӣ: бигзор қурбонии сӯхтанӣ тамоми шаб то субҳ бар оташдони қурбонгоҳ бошад, ва оташи қурбонгоҳ бар он бисӯзад.


«Ба Байт‐Ил биёед ва ҷиноят кунед, ба Ҷилҷол омада, ҷиноятро афзун намоед, ва бомдодон қурбониҳои худро биёред, ва дар ҳар се рӯз — ушрҳои худро.


Ин — қурбонии сӯхтанӣ барои ҳар рӯзи шанбе мебошад, ба иловаи қурбонии сӯхтании доимӣ ва ҳадияи рехтании он.


Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ба иловаи қурбонии сӯхтании доимӣ ва ҳадияи рехтании он бояд тақдим карда шавад.


Инҳоро ба иловаи қурбонии сӯхтании субҳ, ки қурбонии сӯхтании доимист, тақдим кунед.


Ҳамин тавр ҳар рӯз аз он ҳафт рӯз ба амал оваред; нони ҳадияи оташин атри гуворо барои Худованд аст; ин бояд ба иловаи қурбонии сӯхтании доимӣ ва ҳадияи рехтании он тақдим карда шавад.


Онҳоро ба иловаи қурбонии сӯхтании доимӣ ва ҳадияи ордии он тақдим намоед; бо ҳадияи рехтании онҳо; онҳо барои шумо беайб бошад.


Як барраро дар субҳ тақдим намо, ва барраи дигарро шомгоҳ тақдим намо.


Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ба иловаи қурбонии гуноҳи рӯзи кафорат ва қурбонии сӯхтании доимӣ бо ҳадияи ордии он, ва бо ҳадияҳои рехтании онҳо.


Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ба иловаи қурбонии сӯхтании доимӣ, бо ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтании он.


Ба иловаи қурбонии сӯхтании навмоҳ ва ҳадияи ордии он, ва қурбонии сӯхтании доимӣ ва ҳадияи ордии он, ва ҳадияҳои рехтании онҳо бар тибқи дастури онҳо, то ки атри гуворо ва қурбонии оташин барои Худованд бошад.


Фардои он, Яҳьё Исоро дид, ки ба ҷониби вай меояд, ва гуфт: «Инак Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро мебардорад;


Дар чунин шароит, коҳинон ба қисми якуми хайма ҳамеша медароянд, то ки ибодати Худоро ба ҷо оваранд;


Ва ҳамаи сокинони замин вайро ибодат хоҳанд кард, ҷуз онҳое ки номҳошон дар дафтари ҳаёти Барра, ки аз офариниши олам забҳ шуда буд, навишта шудааст.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan