3 «Падари мо дар биёбон мурд, ва ӯ дар миёни он дастае набуд, ки ба зидди Худованд дар дастаи Қӯраҳ ҷамъ шуда буданд, балки дар гуноҳи худ мурд, ва писаре надошт.
Инак ҳамаи ҷонҳо аз они Ман аст; хоҳ ҷони падар ва хоҳ ҷони писар аз они Ман аст; ҷоне ки гуноҳ карда бошад, хоҳад мурд.
Ман, ки Худованд ҳастам, гуфтаам, ки ба тамоми ин ҷамоати шарир, ки ба муқобили Ман балво бардоштаанд, чунин амал хоҳам кард: дар ин биёбон корашон тамом шуда, дар ин ҷо хоҳанд мурд».
Ва Қӯраҳ тамоми ҷамоатро ба муқобили онҳо назди дари хаймаи ҷомеъ ҷамъ кард. Ва ҷалоли Худованд ба тамоми ҷамоат зоҳир шуд.
Ва касоне ки аз вабо мурданд, чордаҳ ҳазору ҳафтсад нафар буданд, ба ҷуз онҳое ки аз боиси Қӯраҳ нобуд шуданд.
Ва Салофҳод ибни Ҳефар писаре надошт, балки духтаронаш буданд, ва номи духтарони Салофҳод ин аст: Маҳло, Нӯо, Ҳоҷло, Милко ва Тирсо.
Ва ба ҳузури Мусо ва ба ҳузури Элъозори коҳин ва ба ҳузури раисон ва тамоми ҷамоат, назди дари хаймаи ҷомеъ истода, гуфтанд:
Пас, чаро номи падари мо, аз боиси он ки писаре надорад, аз миёни қабилаи ӯ нест шавад? Лутфан, ба мо дар миёни бародарони падари мо мулке бидеҳ».
Боз Исо ба онҳо гуфт: «Ман меравам, ва шумо Маро хоҳед ҷуст, ва дар гуноҳи худ хоҳед мурд; ба он ҷое ки Ман меравам, шумо наметавонед биёед».
Аз ин сабаб ба шумо гуфтам, ки дар гуноҳҳои худ хоҳед мурд; зеро агар имон наоваред, ки ин Ман ҳастам, дар гуноҳҳои худ хоҳед мурд».
Пас, чунон ки ба воситаи як одам гуноҳ ба ҷаҳон доҳил шуд ва бо гуноҳ мамот омад, ончунон низ ба ҳамаи одамон гузашт, чунки ҳама гуноҳ карданд.
То ки, чунон ки гуноҳ ба воситаи мамот хукмрон шуд, ончунон файз ҳам ба воситаи адолат барои ҳаёти ҷовидонӣ ба василаи Худованди мо Исои Масеҳ хукмрон шавад.
Зеро ки музди гуноҳ мамот аст, аммо бахшоиши файзи Худо ҳаёти ҷовидонист ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ.