57 Ва инҳоянд дар шумор овардашудагони Левӣ бар ҳасби қабилаҳои онҳо: аз Ҷершӯн қабилаи ҷершӯниён, аз Қаҳот қабилаи қаҳотиён, аз Марорӣ қабилаи марориён.
Писарони Левӣ: Ҷершӯн, Қаҳот ва Марорӣ.
Ва Элъозор ибни Ҳорун барои худ аз духтарони Футиил ба занӣ гирифт, ва вай барои ӯ Финҳосро зоид. Инҳоянд сардорони хонаводаҳои левизодагон бар ҳасби наслҳошон.
Валекин левизодагон бар ҳасби сибти падаронашон дар миёни онҳо дар шумор оварда нашуданд,
Валекин левизодагон дар миёни банӣ‐Исроил дар шумор оварда нашуданд, чунон қи Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
Ҳам ба онҳое ки сершуморанд, ва ҳам ба онҳое ки камшуморанд, мулкашон бояд аз рӯи қуръа тақсим карда шавад».
«Банӣ‐Левиро бар ҳасби хонадон ва қабилаҳошон дар шумор овар; ҳар мардинаро аз якмоҳа ва болотар дар шумор овар».
Ва инҳоянд писарони Левӣ бар ҳасби номҳошон: Ҷершӯн ва Қаҳот ва Марорӣ.