22 Инҳоянд қабилаҳои Яҳудо бар ҳасби дар шумор овардашудагони онҳо — ҳафтоду шаш ҳазору панҷсад нафар.
Яҳудо! Туро бародаронат ситоиш намоянд. Дастат бар гардани душманонат бошад; писарони падарат ба ту саҷда кунанд.
Ва агарчи Яҳудо бар бародаронаш бартарӣ пайдо карда, пешво аз ӯ пайдо шуд, вале нахустзодагӣ аз они Юсуф гардид.
Ва банӣ‐Форас инҳоянд: аз Ҳесрӯн қабилаи ҳесрӯниён, аз Ҳомул қабилаи ҳомулиён.
Зеро маълум аст, ки Худованди мо аз сибти Яҳудо тулӯъ намуд, ки Мусо дар бораи он оид ба каҳонат чизе нагуфтааст.