12 Банӣ‐Шимъӯн бар ҳасби қабилаҳои онҳо: аз Намуил қабилаи намуилиён, аз Ёмин қабилаи ёминиён, аз Ёкин қабилаи ёкиниён,
Писарони Шимъӯн: Ямуил, Ёмин, Ӯҳад, Ёкин, Сӯҳар ва Шоул, ки писари зани канъонӣ буд.
Ва сутунҳоро пеши равоқи толор барқарор намуд; ва сутуни ростро барқарор намуда, номи онро Ёкин хонд, ва сутуни чапро барқарор намуда, номи онро Бӯаз хонд.
Писарони Шимъӯн: Намуил ва Ёмин, Ёриб, Зораҳ, Шоул;
Инҳоянд сардорони хонаводаҳои онҳо: писарони Реубен, нахустзодаи Исроил: Ҳанӯх ва Фаллу, Ҳесрӯн ва Кармӣ; инҳоянд хонаводаҳои Реубен.
Ва писарони Шимъӯн: Ямуил, ва Ёмин, ва Ӯҳад, ва Ёкин, ва Сӯҳар, ва Шоул, писари канъония; инҳоянд хонаводаҳои Шимъӯн.
Аз банӣ‐Шимъӯн бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳои саросар дар шумор овардашудагон, ҳамаи мардҳои аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —
Вале банӣ‐Қӯраҳ намурданд.
Аз Зораҳ қабилаи зораҳиён, аз Шоул қабилаи шоулиён.