10 Ва замин даҳони худро кушода, онҳоро бо Қӯраҳ фурӯ бурда буд, вақте ки он даста мурданд, ва оташ дусаду панҷоҳ нафарро сӯзонид, ва онҳо ба аломате мубаддал шуданд.
Ва банӣ‐Исроил чил сол манн хӯрданд, то вақте ки ба замини маскун расиданд, яъне то вақте ки ба ҳудуди замини Канъон қадам монданд, манн хӯрданд.
Ва номи онҳоро ҳамаи асирони Яҳудо, ки дар Бобил мебошанд, барои лаънат ба забон гирифта, хоҳанд гуфт: „Худованд туро мисли Сидқиё ва Аҳъоб гардонад, ки подшоҳи Бобил онҳоро дар оташ бирьён карда буд“.
Ва Ман рӯи Худро ба зидди он кас хоҳам нигаронид, ва ӯро вожгун хоҳам кард, то ки аломате ва зарбулмасале гардад, ва ӯро аз миёни қавми Худ маҳв хоҳам намуд, ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам.
Ва назди Мусо ҳозир шуданд, ва бо онҳо дусаду панҷоҳ нафар аз банӣ‐Исроил: сардорони ҷамоат, даъватшавандагони маҷлисҳо, шахсони номдор буданд.
Яъне маҷмарҳои онҳоеро, ки ба зарари ҷони худ гуноҳкор шудаанд, — ва бигзор аз онҳо тахтаҳои паҳн барои пӯшонидани рӯи қурбонгоҳ бисозанд, зеро ки онҳоро ба ҳузури Худованд оварда буданд, ва онҳо тақдис ёфтааст; ва онҳо аломате барои банӣ‐Исроил хоҳад буд».
Ва номи Ҳорунро бар асои Левӣ бинавис, зеро ки як асо барои раиси хонадони онҳо хоҳад буд.
«Падари мо дар биёбон мурд, ва ӯ дар миёни он дастае набуд, ки ба зидди Худованд дар дастаи Қӯраҳ ҷамъ шуда буданд, балки дар гуноҳи худ мурд, ва писаре надошт.
Ва он чиро, ки Ӯ бо Дотон ва Абиром, писарони Элиоб ибни Реубен кард, яъне замин даҳони худро кушода, онҳо ва аҳли байти онҳо ва хаймаҳои онҳо ва тамоми дороии онҳоро, ки наздашон буд, дар миёни тамоми Исроил фурӯ бурд, —
Ва онҳо бар ту ва бар насли ту то абад аломат ва ибрат хоҳад буд.
Ва шаҳрҳои Садӯм ва Амӯроро ба ҳалокат маҳкум намуд ва, ҳамчун тимсоле барои осиёни оянда, ба хокистар табдил дод,
Ҳамчунин Садӯм ва Амӯро ва шаҳрҳои атрофашон, ки ба ҳамин тарз ба зино дода шуда, аз паи инҳирофоти дигар афтода буданд, гирифтори ҷазои оташи абадӣ гардида, ҳамчун тимсол муқаррар карда шуданд.
Ва он чи ба ду писарат, ба Ҳофнӣ ва Финҳос, рӯй медиҳад, аломате барои ту хоҳад буд: ҳар дуи онҳо дар як рӯз хоҳанд мурд.