Фақат ин ки ба зидди Худованд балво накунед, ва аз қавми он замин натарсед, зеро ки онҳо тӯъмаи мо хоҳанд шуд: пуштибонашон аз онҳо дур шудааст, ва Худованд бо мост, аз онҳо натарсед».
Ва қавм аз Худо ва аз Мусо шикоят карда, гуфтанд: «Чаро моро аз Миср баровардед, то ки дар биёбон бимирем? Зеро ки на нон ҳаст ва на об, ва дили мо аз ин хӯроки нобоб нафрат дорад».
Ҳангоме ки Худованд Худоят туро ба замине ки барои тасарруф кардани он ба он ҷо меравӣ, дароварад, ва халқҳои бисьёрро, яъне ҳиттиён, ва ҷирҷошиён, ва амӯриён, ва канъониён, ва фариззиён, ва ҳиввиён, ва ябусиёнро, ки ҳафт халқи аз ту сершумортар ва пурзӯртаранд, аз пеши ту бадар ронад,