Инро бишнавед, эй хонадони Яъқуб, ки ба номи Исроил хонда мешавед, ва аз чашмаи Яҳудо ба вуҷуд омадаед, ва ба исми Худованд қасам мехӯред, ва Худои Исроилро зикр мекунед, лекин на аз рӯи ростӣ ва на аз сидки дил.
Афзоиши салтанат ва осоиштагии Ӯ бар тахти Довуд ва бар мамлакати вай интиҳо нахоҳад дошт, то ки онро бо инсоф ва адолат, минбаъд ва то абадулобод барқарор ва мустаҳкам намояд; рашки Худованди лашкарҳо инро ба амал хоҳад овард.
Ва дар айёми он подшоҳон Худои осмон салтанате барпо хоҳад кард, ки он то абад барҳам нахоҳад хӯрд; ва ин салтанат ба қавми дигаре супурда нахоҳад шуд: он ҳамаи ин салтанатҳоро гард‐гард ва несту нобуд хоҳад кард, вале худаш то абад хоҳад истод.
Ва фариштаи ҳафтум карнай навоҳт, ва дар осмон овозҳои баланд баромаданд, ки мегуфтанд: «Салтанати ҷаҳон салтанати Худованди мо ва Масеҳи Ӯ гардидааст, ва Ӯ то абад салтанат хоҳад ронд».
Ва яке аз он ҳафт фариштае ки ҳафт коса доштанд, омад ва бо ман сухан ронда, гуфт: «Ин ҷо биё, то довариро дар ҳаққи фоҳишаи бузурге ки бар обҳои бисьёр нишастааст, ба ту нишон диҳам,