Ва мисли дарахте хоҳад буд, ки назди ҷӯйҳои об шинонда шудааст, ва меваи худро дар мавсимаш медиҳад, ва баргаш пажмурда намешавад, ва ҳар чӣ мекунад, барор хоҳад ёфт.
Ва онҳо омада, бар баландии Сион тараннум хоҳанд кард; ва сӯи неъмати Худованд: сӯи гандум ва шароб ва равғани зайтун, ва сӯи барраҳо ва гӯсолаҳо равон хоҳанд шуд; ва ҷони онҳо мисли боғи сероб хоҳад буд, ва онҳо дигар ғамгин нахоҳанд шуд.
Ва бар соҳили наҳр, аз ин тараф ва аз он тараф, ҳар навъ дарахтони ғизоовар хоҳанд рӯид; баргҳои онҳо пажмурда нахоҳад шуд, ва меваи онҳо тамомият нахоҳад дошт: ҳар моҳ меваи тоза пайдо хоҳад шуд, зеро ки оби он аз маъбад ҷорӣ мешавад; меваи онҳо барои хӯрок ва баргҳои онҳо барои даво хоҳад буд».