Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 24:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Нутқи касе ки суханони Худоро мешунавад, рӯъёҳои Қодирро муоина менамояд, фурӯ меғалтад, вале чашмонаш кушода мебошад:

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 24:4
20 Iomraidhean Croise  

Баъд аз ин ҳодисаҳо каломи Худованд дар рӯъё ба Абром расида, гуфт: «Натарс, эй Абром; Ман сипари ту ҳастам; музди ту бағоят бузург аст».


Ва ҳангоми ғуруби офтоб Абромро хоби гарон зер кард; ва инак, даҳшат ва зулмоти азиме ӯро фаро гирифт.


Ва ӯ гуфт: «Тамоми Исроилро мисли рамае ки чӯпон надорад, бар кӯҳҳо пароканда дидам. Ва Худованд гуфт: „Инҳо соҳиб надоранд, пас бигзор ҳар яке ба хонаи худ ба саломатӣ баргарданд“».


Чунон ки намуди рангинкамон дар абр дар рӯзи борон мешавад, намуди дурахш гирдогирдаш ончунон буд; ин — намуди сурати ҷалоли Худованд буд; ва ҳамин ки онро дидам, бар рӯи худ афтодам, ва овози Ӯро шунидам, ки сухан меронд.


Ва Ӯ гуфт: «Суханони Маро бишнавед: агар дар миёни шумо набии Худованд бошад, Ман дар рӯъё ба вай зоҳир мешавам, дар хоб бо вай сухан меронам.


Ва Худо шабона назди Билъом омада, ба вай гуфт: «Модоме ки ин одамон барои хондани ту омадаанд, бархоста, бо онҳо бирав; вале фақат он чиро, ки ман ба ту хоҳам гуфт, ба амал овар».


Ва Худованд чашмони Билъомро кушод, ва ӯ фариштаи Худовандро дид, ки дар сари роҳ истодааст, ва шамшери бараҳна дар дасташ; ва ӯ хам шуда, пеши вай саҷда кард.


Ва ӯ масали худро оварда, гуфт: «Ин аст нутқи Билъом ибни Баӯр, нутқи марде ки чашмонаш воз шудааст,


Чӣ зебост хаймаҳои ту, эй Яъқуб, ва масканҳои ту, эй Исроил!


Дар он ҷо гурусна монда, хост чизе бихӯрад, ва ҳангоме ки барои ӯ муҳайё мекарданд, ҳолати бехудӣ ӯро фаро гирифт,


Дар сурате ки Петрус ҳанӯз дар бораи рӯъё андеша мекард, Рӯҳ ба ӯ гуфт: «Инак, се мард туро суроғ мекунанд;


Вақте ки ба Ерусалим баргашта, дар маъбад дуо мегуфтам, дар ҳолати бехудӣ афтодам


Ва дар рӯзи Худованд дар Рӯҳ будам ва аз қафои худ овози баланде монанди садои карнай шунидам, ки мегуфт: «Ман Алфа ва Омега, Аввалин ва Охирин ҳастам;


Ва ҳангоме ки Ӯро дидам, бар пойҳояш мисли мурда афтодам, ва Ӯ дасти рости Худро бар ман гузошта, гуфт: «Натарс; Манам Аввалин ва Охирин


Ва ӯ низ либосҳои худро кашид, ва ӯ низ ба ҳузури Самуил нубувват кардан гирифт, ва тамоми он рӯз ва тамоми шабаш бараҳна хобид; бинобар ин мегӯянд: «Оё Шоул низ аз ҷумлаи анбиёст?».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan