3 Ва ӯ масали худро оварда, гуфт: «Ин аст нутқи Билъом ибни Баӯр, нутқи марде ки чашмаш воз шудааст,
Ва ӯ гуфт: «Тамоми Исроилро мисли рамае ки чӯпон надорад, бар кӯҳҳо пароканда дидам. Ва Худованд гуфт: „Инҳо соҳиб надоранд, пас бигзор ҳар яке ба хонаи худ ба саломатӣ баргарданд“».
Ва ӯ гуфт: «Пас каломи Худовандро бишнав: ман Худовандро бар тахти Худ нишаста дидам, ва тамоми лашкари осмон назди Ӯ аз тарафи рост ва аз тарафи чап истода буданд.
Ва Айюб нутқи худро давом дода, гуфт:
Ва Худованд чашмони Билъомро кушод, ва ӯ фариштаи Худовандро дид, ки дар сари роҳ истодааст, ва шамшери бараҳна дар дасташ; ва ӯ хам шуда, пеши вай саҷда кард.
Ва ӯ масали худро оварда, гуфт: «Бархез, эй Болоқ, ва бишнав, ба ман гӯш деҳ, эй писари Сипӯр!
Ва ӯ масали худро оварда, гуфт: «Болоқ, подшоҳи Мӯоб, маро аз Арам, аз кӯҳҳои шарқ овард: „Биё, Яъқубро барои ман лаънат намо, ва биё, Исроилро нафрин фармо!“
Ва ӯ масали худро оварда, гуфт: «Ин аст нутқи Билъом ибни Баӯр, нутқи марде ки чашмонаш воз шудааст,
Нутқи касе ки суханони Худоро мешунавад, ва афкори Ҳаққи Таолоро медонад, — рӯъёҳои Қодирро муоина менамояд, фурӯ меғалтад, вале чашмонаш кушода мебошад.
Нутқи касе ки суханони Худоро мешунавад, рӯъёҳои Қодирро муоина менамояд, фурӯ меғалтад, вале чашмонаш кушода мебошад: