2 Ва Билъом чашмонашро боло карда, Исроилро дид, ки бар ҳасби сибтҳояш маскан гирифтааст, ва Рӯҳи Худо бар ӯ фурӯ рехт.
Ва Рӯҳи Худо бар Азарьёҳу ибни Ӯдид нозил шуд.
«Ин кист, ки мисли шафақи субҳ дурахшон аст, мисли моҳ нозанин аст, мисли офтоб тобон аст, мисли фавҷҳои байрақдор саҳмгин аст?»
Эй ёри ман! Ту мисли Тирсо нозанин, мисли Ерусалим зебо ва мисли фавҷҳои байрақдор саҳмгин ҳастӣ.
Чӣ зебост хаймаҳои ту, эй Яъқуб, ва масканҳои ту, эй Исроил!
Шимъӯни Канно ва Яҳудои Исқарьют, ки Ӯро таслим кард.
Беморонро шифо диҳед, махавиёнро пок кунед, мурдагонро эҳьё кунед, девҳоро берун кунед; муфт ёфтаед, муфт диҳед.
Бисьёр касон дар он рӯз ба Ман хоҳанд гуфт: „Худовандо! Худовандо! Оё ба исми Ту нубувват накардем? Оё ба исми Ту девҳоро нарондем? Оё ба исми Ту мӯъҷизоти зиёде нишон надодем?“
Аммо аз он шод нашавед, ки арвоҳ ба шумо итоат мекунанд; балки аз он шод бошед, ки номҳои шумо дар осмон навишта шудааст».
Ва дар рӯзи Худованд дар Рӯҳ будам ва аз қафои худ овози баланде монанди садои карнай шунидам, ки мегуфт: «Ман Алфа ва Омега, Аввалин ва Охирин ҳастам;
Ва Рӯҳи Худованд бар ӯ буд, ва Исроилро доварӣ менамуд; ва барои ҷанг берун омад, ва Худованд Кушан‐Ришъотаимро, ки подшоҳи Арам‐наҳрайн буд, ба дасти ӯ таслим кард, ва ӯ бар Кушан‐Ришъотаим дастболо шуд.
Ва ҳангоме ки онҳо ба тал расиданд, инак дастаи анбиё ба пешвози ӯ пайдо шуданд; ва Рӯҳи Худованд бар ӯ нозил шуд, ва ӯ дар миёни онҳо нубувват намуд.
Ва Шоул қосидонро фиристод, то ки Довудро бигиранд, ва чун онҳо тӯдаи анбиёро диданд, ки нубувват мекунанд, ва Самуил истода бар онҳо сарварӣ менамояд, — Рӯҳи Худо бар қосидони Шоул нозил шуда, онҳо низ нубувват кардан гирифтанд.
Ва дар он ҷо ӯ ба Ноюти Ромо рафт, ва Рӯҳи Худо бар ӯ низ нозил шуд, ва ӯ нубувваткунон мерафт, то даме ки ба Ноюти Ромо расид.