16 Нутқи касе ки суханони Худоро мешунавад, ва афкори Ҳаққи Таолоро медонад, — рӯъёҳои Қодирро муоина менамояд, фурӯ меғалтад, вале чашмонаш кушода мебошад.
Ва Малкисодақ подшоҳи Салим, нон ва май баровард, ва ӯ коҳини Худои Таоло буд.
Вақте ки Абром наваду нӯҳсола буд, Худованд бар Абром зоҳир гардида, гуфт: «Ман Худои Қодирам; пеши Ман роҳ рав ва покдоман бош;
Ва ӯ масали худро оварда, гуфт: «Ин аст нутқи Билъом ибни Баӯр, нутқи марде ки чашмонаш воз шудааст,
Онро мебинам, валекин на ҳозираро; онро муоина менамоям, вале он наздик нест: ситорае аз Яъқуб тулӯъ хоҳад намуд, ва чӯбдасти салтанат аз Исроил хоҳад бархост, ва ҳудуди Мӯобро сар то сар торумор хоҳад кард, ва тамоми банӣ‐Шитро ба ҳалокат хоҳад расонид.
Ва ӯ масали худро оварда, гуфт: «Ин аст нутқи Билъом ибни Баӯр, нутқи марде ки чашмаш воз шудааст,
Нутқи касе ки суханони Худоро мешунавад, рӯъёҳои Қодирро муоина менамояд, фурӯ меғалтад, вале чашмонаш кушода мебошад:
Агар бахшоиши нубувват дошта бошам, ва тамоми асрорро донам, ва дорои ҳар гуна дониш ва тамоми имон бошам, ба тавре ки кӯҳҳоро кӯчонида тавонам, лекин муҳаббат надошта бошам, — ман ҳеҷ ҳастам.
Дар бораи қурбониҳои бутҳо мо медонем, ки ҳамаамон соҳиби дониш ҳастем. Дониш мағрур мегардонад, аммо муҳаббат обод мекунад.