11 Ва алҳол ба макони худ бигрез; мехостам туро бағоят иззату икром намоям, вале инак, Худованд туро аз иззат маҳрум кард».
Зеро ки туро бағоят иззату икром хоҳам кард, ва ҳар он чи ба ман бигӯӣ, ба ҷо хоҳам овард; лутфан, омада, аз барои ман ин қавмро лаънат намо“».
Ва Болоқ ба Билъом гуфт: «Ман, охир, барои хондани ту фиристода будам; пас, чаро назди ман наомадӣ? Оё ҳақиқатан гумон мекунӣ, ки ман наметавонам туро иззату икром намоям?»
Ва хашми Болоқ бар Билъом аланга гирифт, ва аз яъс ӯ кафҳояшро ба ҳам зад, ва Болоқ ба Билъом гуфт: «Туро хондам, то ки душманонамро лаънат намоӣ, ва инак, ту ин се карат паи ҳам баракат медиҳӣ!
Ва Билъом ба Болоқ гуфт: «Ман, охир, ба қосидони ту низ, ки назди ман фиристода будӣ, сухан ронда, гуфтам:
Аммо Петрус ба вай гуфт: «Бигзор пулат бо ту нест шавад, чунки ту гумон кардаӣ, ки атои Худоро ба бадали пул биҳарӣ;
Ва ҳанӯз ҳамаашро ба ҳотири афзалияти дониши Худованди ман Исои Масеҳ нуқсон медонам, ки барои Ӯ ман аз ҳамааш даст кашидам ва ҳамаашро ахлот медонам, то ки Масеҳро пайдо кунам
Аз худ бохабар бошед, ки мабодо он чиро, ки мо барояш меҳнат кардаем, барбод диҳед, балки мукофоти комил бигиред.