Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 24:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Ва Билъом дид, ки Исроилро баракат додан ба назари Худованд писанд меояд, бинобар ин, мисли дафъаҳои пештара, барои амали афсун нарафт, балки сӯи биёбон рӯй овард.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 24:1
13 Iomraidhean Croise  

Ва Билъом бомдодон бархоста, ба сарварони Болоқ гуфт: «Ба замини худ биравед, зеро Худованд намехоҳад ба ман изн диҳад, ки бо шумо биравам».


Ва пирони Мӯоб бо пирони Мидьён рафтанд, ва музди ҷодугарии вай дар дасташон буд, ва назди Билъом омада, суханони Болоқро ба вай гуфтанд.


Ва ба Болоқ гуфт: «Дар ин ҷо назди қурбонии сӯхтании худ биист, вале ман дар он ҷо мулоқот хоҳам кард».


Инак, ман маъмур шудаам, ки баракат бидиҳам. ва Ӯ баракат додааст, ва ман наметавонам онро ботил намоям.


Ба яқин, Яъқубро ба ҷодуе ҳоҷат нест, ва Исроилро ба афсуне ҳоҷат нест; ҳар вақт ба Яъқуб ва ба Исроил гуфта хоҳад шуд, ки Худо чӣ корҳо мекунад.


Ва Болоқ Билъомро ба қуллаи Фаӯр, ки бар рӯи биёбон қад кашидааст, бурд.


Ва Билъом ба Болоқ гуфт: «Назди қурбонии сӯхтании худ биист, ва ман меравам: шояд, Худованд ба пешвози ман биёяд, ва ҳар чи Ӯ ба ман зоҳир намояд, ба ту хоҳам гуфт». Ва ӯ ба баландие баромад.


Ва Болоқ ончунон ки Билъом гуфт, амал кард, ва бар ҳар қурбонгоҳ наргове ва қӯчқоре тақдим намуд.


Инҳо, охир, аз рӯи машварати Билъом, банӣ‐Исроилро васваса дода буданд, ки ба хотири Фаӯр ба Худованд хиёнат кунанд, ва дар ҷамоати Худованд вабо рӯй дод.


Аммо иддаои каме бар ту дорам, чунки дар он ҷо назди ту пайравони таълимоти Билъом ҳастанд, ки вай Болоқро таълим дода буд, ки дар сари роҳи банӣ‐Исроил дом ниҳад, то ки онҳо курбониҳои бутҳоро бихӯранд ва зино кунанд.


Ва агар касе душмани худро ёфта бошад, оё варо бо некӣ раҳо мекунад? Бигзор Худованд туро ба бадали он чи имрӯз барои ман кардӣ, бо некӣ подош диҳад.


Ва Шоул бархоста, ба биёбони Зиф фурӯд омад, ва се ҳазор марди гузини Исроил ҳамроҳи ӯ буданд, то ки Довудро дар биёбони Зиф ҷустуҷӯ намоянд.


Ва Шоул ба Довуд гуфт: «Муборак ҳастӣ ту, эй писарам Довуд, ки ҳам корҳои бузург хоҳӣ кард ва ҳам комьёб хоҳӣ шуд». Ва Довуд ба роҳи худ рафт, ва Шоул ба макони худ баргашт.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan