Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 23:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Зеро ки аз сари сахраҳо варо мебинам, ва аз болои талҳо варо мушоҳида менамоям: инак, қавмест, ки ба танҳоӣ маскан мегирад, ва дар миёни халқҳо худро ҳисоб намекунад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 23:9
15 Iomraidhean Croise  

Чунки аз духтарони онҳо барои худашон ва барои писаронашон зан гирифта, зурьёти муқаддасро бо қавмҳои кишварҳо омехтанд, ва сарварону мансабдорон дар ин бадкирдорӣ пешдастӣ мекарданд».


Ва Ҳомон ба подшоҳ Аҳашверӯш гуфт: «Қавме парешон ва пароканда дар миёни қавмҳо дар ҳамаи вилоятҳои мамлакати ту ҳастанд, ва қонунҳошон аз ҳар қавм фарқ дорад, ва қонунҳои подшоҳро ба ҷо намеоваранд, ва подшоҳро норавост, ки онҳоро чунин вогузорад.


Зеро, аз чӣ маълум шавад, ки ман ва қавми Ту манзури назари Ту шудаем? Оё на аз он ки Ту бо мо биёӣ? Ва дар он сурат ман ва қавми Ту аз ҳамаи қавмҳое ки дар рӯи замин ҳастанд, мумтоз хоҳем шуд».


Ту, эй бандаи Ман Яъқуб, натарс, — мегӯяд Худованд, — зеро Ман бо ту ҳастам; зеро Ман ҳамаи халқҳоеро, ки дар миёнашон туро пароканда намудаам, талаф хоҳам кард, аммо туро талаф нахоҳам кард, балки туро аз рӯи инсоф ҷазо хоҳам дод, вале туро тамоман беҷазо нахоҳам мононд».


Бархезед, ба халқе ки дар осоиштагӣ ва амният зиндагӣ мекунанд, ҳуҷум оваред, — мегӯяд Худованд. — Онҳо на дар доранд, на ғалақа; дар танҳоӣ сукунат доранд.


«Зеро инак, Ман амр хоҳам фармуд, ва хонадони Исроилро дар миёни ҳамаи халқҳо хоҳам бехт, чунон ки ғалла дар ғалбер бехта мешавад, ва сангчае бар замин намеафтад.


Қавми Худро бо асои Худ чӯпонӣ намо, яъне гӯсфандони мероси Худро, ки дар ҷангале андаруни Кармил ба танҳоӣ сокин мебошанд; бигзор онҳо мисли айёми қадим дар Бошон ва Ҷилъод бичаранд.


Бинобар ин аз миёни онҳо берун оед ва ҷудо шавед, мегӯяд Худованд, ва ба чизи нопок нарасед, ва Ман шуморо қабул хоҳам кард;


Ҳангоме ки Ҳаққи Таоло ба халқҳо амлок дод, ҳангоме ки Ӯ банӣ‐Одамро пароканда кард, Ӯ ҳудуди қавмҳоро мувофиқи шумораи банӣ‐Исроил муқаррар намуд.


Ва Исроил дар амният сокин мешавад, манбаи Яъқуб — ба танҳоӣ, дар замине ки ғалла ва шираи ангураш фаровон аст, ва аз осмонаш шабнам меборад.


Ки Худро барои мо фидо кард, то ки моро аз ҳар шарорат халосӣ диҳад ва барои Худ ҳамчун қавми махсусе ки дар аъмоли нек ғаюранд, татҳир намояд.


Лекин шумо насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед, то аз камолоти Ӯ, ки шуморо аз зулмот ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед, —


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan