Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 23:8 - Китоби Муқаддас 1992 1999

8 Чӣ гуна лаънат намоям, дар сурате ки Худо лаънат нанамудааст? Ва чӣ гуна нафрин фармоям, дар сурате ки Худованд нафрин нафармудааст?

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 23:8
8 Iomraidhean Croise  

Чунон ки мурғак мепарад, чунон ки фароштурук парвоз мекунад, ончунон лаънати ноҳақ ба нишон намерасад.


Ӯ аломатҳои козибонро ботил менамояд ва соҳиронро аз ақл бегона мекунад, ҳакимонро қафо мегардонад ва дониши онҳоро ба ҳамоқат табдил медиҳад;


Ва Худо ба Билъом гуфт: «Бо онҳо нарав, он қавмро лаънат нанамо, зеро ки онҳо қавми мубораканд».


Ва алҳол, лутфан, омада, ин қавмро лаънат намо, зеро ки онҳо аз ман қавитаранд: шояд, комьёб шавам, ва мо онҳоро зарба занем, ва ман онҳоро аз ин замин бадар ронам; зеро ки медонам: ҳар киро ту баракат диҳӣ, муборак хоҳад буд, ва ҳар киро лаънат намоӣ, малъун хоҳад буд».


Инак, ман маъмур шудаам, ки баракат бидиҳам. ва Ӯ баракат додааст, ва ман наметавонам онро ботил намоям.


Ба яқин, Яъқубро ба ҷодуе ҳоҷат нест, ва Исроилро ба афсуне ҳоҷат нест; ҳар вақт ба Яъқуб ва ба Исроил гуфта хоҳад шуд, ки Худо чӣ корҳо мекунад.


Ва ӯ масали худро оварда, гуфт: «Болоқ, подшоҳи Мӯоб, маро аз Арам, аз кӯҳҳои шарқ овард: „Биё, Яъқубро барои ман лаънат намо, ва биё, Исроилро нафрин фармо!“


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan