Ва Ман, чунин аст аҳди Ман бо онҳо, — мегӯяд Худованд: Рӯҳи Ман, ки бар туст, ва каломи Ман, ки Ман дар даҳони ту гузоштаам, аз даҳони ту, ва аз даҳони насли ту, ва аз даҳони насли насли ту дур нахоҳад шуд, — мегӯяд Худованд, — аз алҳол ва то абад».
Ва Худо шабона назди Билъом омада, ба вай гуфт: «Модоме ки ин одамон барои хондани ту омадаанд, бархоста, бо онҳо бирав; вале фақат он чиро, ки ман ба ту хоҳам гуфт, ба амал овар».
Набие, мисли ту, Ман барои онҳо аз миёни бародарони онҳо ба майдон хоҳам овард, ва суханони Худро ба даҳони Вай хоҳам гузошт, ва ҳар он чи ба Вай амр фармоям, ба онҳо хоҳад гуфт;