Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 23:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Ва Худо ба Билъом дучор омад, ва вай ба Ӯ гуфт: «Ҳафт қурбонгоҳ ороста кардам ва бар ҳар қурбонгоҳ наргове ва қӯчқоре тақдим намудам».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 23:4
12 Iomraidhean Croise  

Ва Худо шабона назди Билъом омада, ба вай гуфт: «Модоме ки ин одамон барои хондани ту омадаанд, бархоста, бо онҳо бирав; вале фақат он чиро, ки ман ба ту хоҳам гуфт, ба амал овар».


Ва Худо назди Билъом омада, гуфт: «Кистанд ин касоне ки назди ту мебошанд?»


Ва Билъом ба Болоқ гуфт: «Дар ин ҷо барои ман ҳафт қурбонгоҳ бино намо, ва ҳафт наргову ҳафт қӯчқор барои ман дар ин ҷо тайёр кун».


Ва Худованд бо Билъом мулоқот намуд ва сухане ба даҳони ӯ гузошта, гуфт: «Назди Болоқ баргард ва чунин бигӯ».


Ва Билъом ба Болоқ гуфт: «Назди қурбонии сӯхтании худ биист, ва ман меравам: шояд, Худованд ба пешвози ман биёяд, ва ҳар чи Ӯ ба ман зоҳир намояд, ба ту хоҳам гуфт». Ва ӯ ба баландие баромад.


Ва Худованд сухане ба даҳони Билъом гузошта, гуфт: «Назди Болоқ баргард, ва чунин бигӯ».


Гуфтанд: „Ин охиромадагон як соат кор карданд, ва ту онҳоро бо мо, ки сахтӣ ва гармии рӯзро аз сар гузарондем, баробар донистӣ“.


Ҳафтае ду карат рӯза медорам ва аз ҳар чизе ки ба даст меоварам, ушр медиҳам“.


Шуморо аз куништҳо хоҳанд ронд; ва ҳатто соате мерасад, ки ҳар кӣ шуморо бикушад, гумон кунад, ки хизмате ба Худо мекунад.


Пас, куҷост он чи боиси болидан бошад? Он тамоман аз байн рафтааст. Ба кадом шариат? Оё ба шариати аъмол? Не, балки ба шариати имон.


Ва аз аъмол нест, то ки ҳеҷ кас фахр накунад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan