Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 23:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва Билъом ба Болоқ гуфт: «Назди қурбонии сӯхтании худ биист, ва ман меравам: шояд, Худованд ба пешвози ман биёяд, ва ҳар чи Ӯ ба ман зоҳир намояд, ба ту хоҳам гуфт». Ва ӯ ба баландие баромад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 23:3
16 Iomraidhean Croise  

Ва Иброҳим чашм андохта, дид: инак, дар қафо қӯчқоре бо шохҳояш дар бешае андармон шудааст; ва Иброҳим рафта, қӯчқорро гирифт, ва дар ивази писараш онро барои қурбонии сӯхтанӣ баровард.


Ва гуфт: «Писари худро, ки ягонаи туст, ва ӯро дӯст медорӣ, яъне Исҳоқро бигир; ва ба замини Мӯриё бирав, ва дар он ҷо ӯро бар яке аз кӯҳҳое ки ба ту хоҳам гуфт, барои қурбонии сӯхтанӣ барор».


Ва Нӯҳ қурбонгоҳе барои Худованд бино кард; ва аз ҳар чорпои пок, ва аз ҳар паррандаи пок гирифта, қурбониҳои сӯхтанӣ бар қурбонгоҳ гузаронид.


Ва Йитрӯ, падарарӯси Мусо, қурбонии сӯхтанӣ ва забҳҳо барои Худованд гирифт; ва Ҳорун ва ҳамаи пирони Исроил омаданд, то ки бо падарарӯси Мусо ба ҳузури Худованд нон бихӯранд.


Ва Худованд Мусоро хонд, ва аз хаймаи ҷомеъ ба ӯ сухан ронда, гуфт:


Ва ӯ ҷавоб гардонида, гуфт: «Ман, охир, он чиро, ки Худованд ба даҳонам мегузорад, бояд айнан бигӯям».


Ва ба Болоқ гуфт: «Дар ин ҷо назди қурбонии сӯхтании худ биист, вале ман дар он ҷо мулоқот хоҳам кард».


Ва Болоқ ончунон ки Билъом гуфт, ба амал овард, ва Болоқу Билъом бар ҳар қурбонгоҳ наргове ва қӯчқоре тақдим карданд.


Ва Билъом ҷавоб гардонида, ба Болоқ гуфт: «Ман, охир, ба ту сухан ронда гуфта будам, ки ҳар он чи Худованд бигӯяд, ҳамонро ба амал хоҳам овард».


Ва Худо ба Билъом дучор омад, ва вай ба Ӯ гуфт: «Ҳафт қурбонгоҳ ороста кардам ва бар ҳар қурбонгоҳ наргове ва қӯчқоре тақдим намудам».


Ва Билъом дид, ки Исроилро баракат додан ба назари Худованд писанд меояд, бинобар ин, мисли дафъаҳои пештара, барои амали афсун нарафт, балки сӯи биёбон рӯй овард.


Боз иблис Ӯро ба кӯҳи бисьёр баланде бардошта бурд ва ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон ва ҷалоли онҳоро ба Ӯ нишон дод,


Вале Ман нахостам Билъомро бишнавам, ва ӯ шуморо баракат дод, ва Ман шуморо аз дасти ӯ раҳо кардам.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan