Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 23:12 - Китоби Муқаддас 1992 1999

12 Ва ӯ ҷавоб гардонида, гуфт: «Ман, охир, он чиро, ки Худованд ба даҳонам мегузорад, бояд айнан бигӯям».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 23:12
11 Iomraidhean Croise  

Ва ту бо ӯ сухан ронда, суханонро ба забонаш талқин хоҳӣ кард; ва Ман бо забони ту ва забони ӯ хоҳам буд, ва шуморо хоҳам омӯхт, ки чӣ бояд бикунед.


Бо овози нарм гап занад ҳам, ба сухани ӯ бовар накун, чунки ҳафт зиштӣ дар дили ӯст;


Ва Худо шабона назди Билъом омада, ба вай гуфт: «Модоме ки ин одамон барои хондани ту омадаанд, бархоста, бо онҳо бирав; вале фақат он чиро, ки ман ба ту хоҳам гуфт, ба амал овар».


Ва Билъом ба Болоқ гуфт: «Инак, назди ту омадаам; алҳол, оё ман метавонам чизе бигӯям? Он чи Худо дар даҳонам бигузорад, ҳамонро хоҳам гуфт».


Ва Болоқ ба ӯ гуфт: «Лутфан, бо ман ба макони дигаре биё, ки аз он ҷо онҳоро хоҳӣ дид, фақат як қисми онҳоро хоҳӣ дид, вале ҳамаи онҳоро нахоҳӣ дид, ва аз он ҷо онҳоро барои ман лаънат намо».


Инак, ман маъмур шудаам, ки баракат бидиҳам. ва Ӯ баракат додааст, ва ман наметавонам онро ботил намоям.


Ва Билъом ҷавоб гардонида, ба Болоқ гуфт: «Ман, охир, ба ту сухан ронда гуфта будам, ки ҳар он чи Худованд бигӯяд, ҳамонро ба амал хоҳам овард».


Ва Билъом ба Болоқ гуфт: «Назди қурбонии сӯхтании худ биист, ва ман меравам: шояд, Худованд ба пешвози ман биёяд, ва ҳар чи Ӯ ба ман зоҳир намояд, ба ту хоҳам гуфт». Ва ӯ ба баландие баромад.


„Агарчи Болоқ хонаи худро пур аз нуқра ва тилло ба ман бидиҳад, фармони Худовандро наметавонам поймол намуда, ба дилхоҳи худ некӣ ё бадӣ бикунам; он чи Худованд бигӯяд, ҳамонро хоҳам гуфт“.


Зеро ки онҳо на ба Худованди мо Исои Масеҳ, балки ба шиками худ хизмат мекунанд ва бо тамаллуқкорӣ ва суханороӣ дилҳои соддалавҳонро фиреб медиҳанд.


Онҳо мегӯянд, ки Худоро мешиносанд, лекин бо аъмолашон Ӯро инкор менамоянд, дар ҳолате ки зишткор ва беитоат буда, ба ҳеҷ амали нек қобил нестанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan