Зеро ки онҳо банӣ‐Исроилро бо нон ва об пешвоз нагирифтанд, балки Билъомро бар зидди онҳо киро карданд, то ки онҳоро лаънат намояд, валекин Худо лаънатро ба баракат табдил дод».
Ва хашми Болоқ бар Билъом аланга гирифт, ва аз яъс ӯ кафҳояшро ба ҳам зад, ва Болоқ ба Билъом гуфт: «Туро хондам, то ки душманонамро лаънат намоӣ, ва инак, ту ин се карат паи ҳам баракат медиҳӣ!