Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 23:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Ва Билъом ба Болоқ гуфт: «Дар ин ҷо барои ман ҳафт қурбонгоҳ бино намо, ва ҳафт наргову ҳафт қӯчқор барои ман дар ин ҷо тайёр кун».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 23:1
19 Iomraidhean Croise  

Ва агар шумо ба ман бигӯед: «Мо ба Худованд Худои худ таваккал мекунем», — вай оё ҳамон аст, ки баландиҳо ва қурбонгоҳҳои варо Ҳизқиё барҳам додааст ва ба Яҳудо ва Ерусалим гуфтааст: «Фақат пеши ин қурбонгоҳ дар Ерусалим саҷда баред»?


Ва чун Худо ба левизодагони бардорандаи сандуқи аҳди Худованд мададгор шуд, ҳафт наргов ва ҳафт қӯчқорро қурбонӣ карданд.


Ва онҳо ҳафт гов, ва ҳафт қӯчқор, ва ҳафт барра, ва ҳафт нарбуз оварданд, то ки барои салтанат ва барои қудс ва барои Яҳудо қурбонии гуноҳҳо бишавад; ва ӯ ба банӣ‐Ҳорун амр фармуд, ки онҳоро ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ бар қурбонгоҳи Худованд тақдим кунанд.


Ва акнун барои худ ҳафт наргов ва ҳафт қӯчқор бигиред, ва назди бандаи Ман Айюб биравед, ва барои худ қурбонии сӯхтанӣ бароваред, ва бандаи Ман Айюб барои шумо дуо хоҳад гуфт, зеро ки фақат рӯи ӯро иҷобат хоҳам намуд, бе он ки ба шумо бадӣ бикунам, чунки дар бораи Ман мисли бандаи Ман Айюб сухани дуруст нагуфтед».


Қурбонгоҳи хокӣ барои Ман бисоз, ва қурбониҳои сӯхтании худ ва қурбониҳои саломатии худро аз гӯсфандон ва говони худ бар он тақдим намо; дар ҳар ҷое ки Ман зикри исми Худро муқаррар намоям, Ман назди ту омада, туро баракат хоҳам дод.


Қурбонии шарирон назди Худованд зишт аст, вале дуои росткорон писандидаи Ӯст.


Ва назди ту мисли ҷамъомади қавм меоянд, ва қавми Ман ба ҳузури ту нишаста, суханони туро мешунаванд, вале онҳоро ба ҷо намеоваранд; зеро ки онҳо бо даҳони худ ишқбозӣ мекунанд, аммо дилашон пайрави ҳирсашон мебошад.


Ва дар ҳафт рӯзи ид, дар ҳар рӯзи ин ҳафт рӯз, ҳафт наргов ва ҳафт қӯчқори беайбро барои Худованд ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ биёрад: ва ҳар рӯз нарбузеро ҳамчун қурбонии гуноҳ биёрад;


Ва бомдодон Болоқ Билъомро гирифт, ва ӯро ба баландиҳои Баал баровард; ва ӯ аз он ҷо як қисми қавмро мушоҳида намуд.


Ва Болоқ ончунон ки Билъом гуфт, ба амал овард, ва Болоқу Билъом бар ҳар қурбонгоҳ наргове ва қӯчқоре тақдим карданд.


Ва Билъом ба Болоқ гуфт: «Барои ман дар ин ҷо ҳафт қурбонгоҳ бисоз, ва барои ман дар ин ҷо ҳафт наргов ва ҳафт қӯчқор муҳайё намо».


Ва Болоқ ончунон ки Билъом гуфт, амал кард, ва бар ҳар қурбонгоҳ наргове ва қӯчқоре тақдим намуд.


Ва дар рӯзи ҳафтум: ҳафт наргов, ду қӯчқор, чордаҳ барраи нари яксола, ки беайб бошад,


Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки Малакути Осмонро ба рӯи мардум мебандед; зеро ки худатон намедароед ва ба онҳое ки даромадан мехоҳанд, монеъ мешавед.


Вой бар ҳоли онҳо, чунки бо роҳи Қобил рафтаанд, ва мисли Билъом дар ивази музд тамоман ба иштибоҳ дода шудаанд, ва мисли Қӯраҳ дар исьён ба ҳалокат расидаанд.


Ва Самуил гуфт: «Оё барои Худованд курбониҳои сӯхтанӣ ва забҳҳо ончунон матлуб аст, чунон ки шунидани овози Худованд? Шунидан, охир, аз забҳ хубтар аст, ва гӯш андохтан — аз чарбуи кӯчқорон.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan