8 Ва ӯ ба онҳо гуфт: «Имшаб дар ин ҷо бимонед, ва чӣ тавре ки Худованд ба ман бигӯяд, ба шумо ҷавоб хоҳам гардонид». Ва сарварони Мӯоб назди Билъом монданд.
Валекин марди Худо ба подшоҳ гуфт: «Агар ту нисфи хонаи худро ба ман бидиҳӣ, бо ту нахоҳам рафт, ва дар ин макон на нон хоҳам хӯрд, ва на об хоҳам нӯшид.
Ва Микойҳу гуфт: «Қасам ба ҳаёти Худованд, ки он чи Худованд ба ман бигӯяд, ҳамонро хоҳам гуфт».
Ту ниҳоли онҳоро шинондаӣ, ва онҳо реша давондаанд, ва нашъунамо ёфта, мева ҳам додаанд; Ту ба даҳони онҳо наздик ҳастӣ, валекин аз ботинашон — дур.
Ва назди ту мисли ҷамъомади қавм меоянд, ва қавми Ман ба ҳузури ту нишаста, суханони туро мешунаванд, вале онҳоро ба ҷо намеоваранд; зеро ки онҳо бо даҳони худ ишқбозӣ мекунанд, аммо дилашон пайрави ҳирсашон мебошад.
Ва Ӯ гуфт: «Суханони Маро бишнавед: агар дар миёни шумо набии Худованд бошад, Ман дар рӯъё ба вай зоҳир мешавам, дар хоб бо вай сухан меронам.
Ва Билъом ҷавоб гардонида, ба бандагони Болоқ гуфт: «Агарчи Болоқ хонаи худро пур аз нуқра ва тилло ба ман бидиҳад, фармони Худованд Худои худро наметавонам поймол намуда, кори хурде ё бузурге бикунам;
Ва Билъом ба Болоқ гуфт: «Инак, назди ту омадаам; алҳол, оё ман метавонам чизе бигӯям? Он чи Худо дар даҳонам бигузорад, ҳамонро хоҳам гуфт».
Ва пирони Мӯоб бо пирони Мидьён рафтанд, ва музди ҷодугарии вай дар дасташон буд, ва назди Билъом омада, суханони Болоқро ба вай гуфтанд.
Ва Худо назди Билъом омада, гуфт: «Кистанд ин касоне ки назди ту мебошанд?»
Ва ӯ ҷавоб гардонида, гуфт: «Ман, охир, он чиро, ки Худованд ба даҳонам мегузорад, бояд айнан бигӯям».
Ва Билъом ба Болоқ гуфт: «Назди қурбонии сӯхтании худ биист, ва ман меравам: шояд, Худованд ба пешвози ман биёяд, ва ҳар чи Ӯ ба ман зоҳир намояд, ба ту хоҳам гуфт». Ва ӯ ба баландие баромад.
„Агарчи Болоқ хонаи худро пур аз нуқра ва тилло ба ман бидиҳад, фармони Худовандро наметавонам поймол намуда, ба дилхоҳи худ некӣ ё бадӣ бикунам; он чи Худованд бигӯяд, ҳамонро хоҳам гуфт“.