Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 22:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Ва ӯ қосидонро ба Фатӯр, ки дар соҳили наҳр аст, назди Билъом ибни Баӯр, ба замини писарони қавми вай фиристод, то ки варо хонда, бигӯянд: «Инак, қавме аз Миср берун омадаанд, ва онҳо рӯи заминро пӯшонидаанд, ва рӯ ба рӯи ман маскан гирифтаанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 22:5
15 Iomraidhean Croise  

Ва насли туро монанди ғубори замин мегардонам; агар касе ғубори заминро шумурда тавонад, насли ту низ шумурда шавад.


Ва аз замини дилпазир нафрат карданд: ба каломи Ӯ имон наоварданд.


Ва рӯи тамоми заминро пӯшонид, ва замин торик шуд, ва тамоми набототи замин ва тамоми меваи дарахтонро, ки аз жола боқӣ монда буд, хӯрд; ва ҳеҷ сабзае бар дарахтон ва бар набототи саҳро дар тамоми замини Миср боқӣ намонд.


Эй қавми Ман, ба ёд овар, ки Болоқ подшоҳи Мӯоб чӣ машварате дод, ва Билъом ибни Баӯр ба вай чӣ ҷавобе дод, ва аз Шиттим то Ҷилҷол чиҳо ба вуқӯъ омад, то ки марҳаматҳои Худовандро бидонӣ».


Ва ӯ масали худро оварда, гуфт: «Болоқ, подшоҳи Мӯоб, маро аз Арам, аз кӯҳҳои шарқ овард: „Биё, Яъқубро барои ман лаънат намо, ва биё, Исроилро нафрин фармо!“


Ва дар миёни мақтулон подшоҳони Мидьён: Авӣ, Роқам, Сур, Ҳур ба Рабаъро, яъне панҷ подшоҳи Мидьёнро куштанд; ва Билъом ибни Баӯрро бо шамшер куштанд.


Аз он сабаб ки онҳо шуморо, вақте ки аз Миср берун омадед, дар роҳ бо нон ва об пешвоз нагирифтанд, ва аз он сабаб ки вай Билъом ибни Баӯрро аз Фатӯри Байнаннаҳрайн ба муқобили ту киро кард, то ки туро лаънат гӯяд,


Вале Худованд Худои ту нахост Билъомро гӯш кунад, ва Худованд Худои ту он лаънатро барои ту ба баракат табдил дод, зеро ки Худованд Худоят туро дӯст медорад.


Ва Билъом ибни Баӯрро, ки ҷодугар буд, банӣ‐Исроил дар миёни куштагони худ кушта буданд.


Ва Болоқ ибни Сиффӯр, подшоҳи Мӯоб, бархоста, бо Исроил ҷанг кард, ва фиристода, Билъом ибни Баӯрро даъват намуд, то ки ба шумо лаънат гӯяд.


Вой бар ҳоли онҳо, чунки бо роҳи Қобил рафтаанд, ва мисли Билъом дар ивази музд тамоман ба иштибоҳ дода шудаанд, ва мисли Қӯраҳ дар исьён ба ҳалокат расидаанд.


Аммо иддаои каме бар ту дорам, чунки дар он ҷо назди ту пайравони таълимоти Билъом ҳастанд, ки вай Болоқро таълим дода буд, ки дар сари роҳи банӣ‐Исроил дом ниҳад, то ки онҳо курбониҳои бутҳоро бихӯранд ва зино кунанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan