Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 22:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Ва Мӯоб ба пирони Мидьён гуфт: «Алҳол ин ҷамоат ҳар он чиро, ки дар атрофи мост, хоҳанд лесид, чунон ки барзагов сабзаи саҳроро мелесад». Ва Болоқ ибни Сипӯр дар он замин подшоҳи Мӯоб буд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 22:4
13 Iomraidhean Croise  

Онҳо аз Мидьён бархоста, ба Форон омаданд, ва баъзе касонро аз Форон ҳамроҳи худ гирифта, ба Миср назди фиръавн, подшоҳи Миср, омаданд, ки вай ба ӯ хона дод, ва нафақа барояш таъин намуд, ва замине ба ӯ дод.


Он гоҳ мирони Адӯм ҳаросон шуданд, пешвоёни Мӯобро ларза фаро гирифт; ҳамаи сокинони Канъон пажмурдадил шуданд.


Бар ҳамаи бомҳои Мӯоб ва дар кӯчаҳои он саросар навҳахонист, зеро ки Ман Мӯобро мисли зарфи нодаркоре шикастаам, — мегӯяд Худованд.


Ва Болоқ ибни Сипӯр ҳар он чиро, ки Исроил ба амӯриён карда буд, дид;


Ва пирони Мӯоб бо пирони Мидьён рафтанд, ва музди ҷодугарии вай дар дасташон буд, ва назди Билъом омада, суханони Болоқро ба вай гуфтанд.


Онро мебинам, валекин на ҳозираро; онро муоина менамоям, вале он наздик нест: ситорае аз Яъқуб тулӯъ хоҳад намуд, ва чӯбдасти салтанат аз Исроил хоҳад бархост, ва ҳудуди Мӯобро сар то сар торумор хоҳад кард, ва тамоми банӣ‐Шитро ба ҳалокат хоҳад расонид.


Ва инак, марде аз банӣ‐Исроил омада, зани мидьёниро пеши назари Мусо ва пеши назари тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил назди бародарони худ овард, дар сурате ки онҳо назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ мегиристанд.


Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:


Ва дар миёни мақтулон подшоҳони Мидьён: Авӣ, Роқам, Сур, Ҳур ба Рабаъро, яъне панҷ подшоҳи Мидьёнро куштанд; ва Билъом ибни Баӯрро бо шамшер куштанд.


Ва алҳол оё ту аз Болоқ ибни Сиффӯр, подшоҳи Мӯоб, беҳтар ҳастӣ? Оё вай бо Исроил низоъ намуд, ё бо онҳо ҷанг кард?


Ва банӣ‐Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд, ва Худованд онҳоро ҳафт сол ба дасти Мидьён таслим кард.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan