Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 22:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва Мӯоб аз ин қавм бағоят ҳаросон шуд, зеро ки онҳо сершумор буданд; ва Мӯоб аз банӣ‐Исроил дар изтироб афтод.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 22:3
10 Iomraidhean Croise  

Зеро ки онҳо банӣ‐Исроилро бо нон ва об пешвоз нагирифтанд, балки Билъомро бар зидди онҳо киро карданд, то ки онҳоро лаънат намояд, валекин Худо лаънатро ба баракат табдил дод».


Зеро ки бегонаҳо бар ман қиём кардаанд, ва ситамгарон қасди ҷонам доранд; Худоро пеши назари худ намеоваранд. Село.


Вале ҳар қадар зиёдтар онҳоро ба танг меоварданд, ҳамон қадар бештар онҳо афзоиш ёфта, сершумор мегардиданд, ба тавре ки мисриён аз банӣ‐Исроил бим доштанд,


Он гоҳ мирони Адӯм ҳаросон шуданд, пешвоёни Мӯобро ларза фаро гирифт; ҳамаи сокинони Канъон пажмурдадил шуданд.


Ҳайбати Худро пешопеши ту хоҳам фиристод, ва ҳар қавмеро, ки ту наздашон биёӣ, ба изтироб хоҳам афканд, ва ҳамаи душманонатро аз пеши ту дар гурез хоҳам андохт.


Вақте ки овозаи ин ба мисриён бирасад, аз шунидани аҳволи Сӯр ба ҳарос хоҳанд афтод.


Аз имрӯз эътиборан тарсу ваҳми туро дар миёни қавмҳои зери тамоми осмон паҳн мекунам, то ки онҳо овозаи туро шунида, дар изтироб афтанд ва пеши ту ба ларза оянд“.


Ва ба Еҳушаъ гуфтанд: «Ба ростӣ, Худованд тамоми он заминро ба дасти мо супурдааст, ва ҳамаи сокинони он замин пеши мо беҷуръат шудаанд».


Ва онҳо ба Еҳушаъ ҷавоб гардонида, гуфтанд: «Зеро ба бандагонат хабар расид, ки Худованд Худои ту ба бандаи Худ Мусо амр фармудааст, ки тамоми ин заминро ба шумо бидиҳад ва ҳамаи сокинони ин заминро аз пеши шумо маҳв намояд; ва аз ин рӯ мо аз шумо барои ҷонҳои худ бисьёр тарсидем, ва ин корро кардем.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan