2 Ва Болоқ ибни Сипӯр ҳар он чиро, ки Исроил ба амӯриён карда буд, дид;
Ва Худованд овози Исроилро иҷобат намуда, канъониёнро ба дасти вай супурд, ва вай онҳо ва шаҳрҳои онҳоро тамоман торумор кард, ва он макон Ҳормо номида шуд.
Ва Болоқ ибни Сиффӯр, подшоҳи Мӯоб, бархоста, бо Исроил ҷанг кард, ва фиристода, Билъом ибни Баӯрро даъват намуд, то ки ба шумо лаънат гӯяд.
Ва алҳол оё ту аз Болоқ ибни Сиффӯр, подшоҳи Мӯоб, беҳтар ҳастӣ? Оё вай бо Исроил низоъ намуд, ё бо онҳо ҷанг кард?