Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 22:12 - Китоби Муқаддас 1992 1999

12 Ва Худо ба Билъом гуфт: «Бо онҳо нарав, он қавмро лаънат нанамо, зеро ки онҳо қавми мубораканд».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 22:12
27 Iomraidhean Croise  

Ва аз ту халқи бузурге ба вуҷуд оварам, ва туро баракат диҳам, ва номи туро бузург созам: ва ту намунаи баракат хоҳӣ шуд.


Ва Азарьёи саркоҳин, ки аз хонадони Содӯқ буд, ба ӯ ҷавоб гардонида, гуфт: «Аз он вақте ки ба овардани ионат барои хонаи Худованд шурӯъ карданд, мо хӯрдем ва сер шудем, ва миқдори зиёде боқӣ монд, зеро ки Худованд қавми Худро баракат додааст; ва он чи боқӣ мондааст, ҳамин микдори азим аст».


Чашмони ҳама сӯи Ту интизор дорад, ва Ту ризқи онҳоро дар вақташ мерасонӣ.


Худованди мо бузург аст ва пурқувват; хиради Ӯ беҳадду беканор аст.


Ва насли онҳо дар миёни халқҳо, ва зурьёти онҳо андаруни қавмон машҳур хоҳанд шуд; ҳар кӣ онҳоро бинад, хоҳад донист, ки онҳо насле ҳастанд, ки Худованд баракат додааст.


Эй қавми Ман, ба ёд овар, ки Болоқ подшоҳи Мӯоб чӣ машварате дод, ва Билъом ибни Баӯр ба вай чӣ ҷавобе дод, ва аз Шиттим то Ҷилҷол чиҳо ба вуқӯъ омад, то ки марҳаматҳои Худовандро бидонӣ».


„Инак, қавми аз Миср баромадае рӯи заминро пӯшонидаанд; акнун омада, онҳоро аз барои ман лаънат намо: шояд, комьёб шавам, ки ба онҳо ҷанг карда, онҳоро бадар ронам“».


Ва Билъом бомдодон бархоста, ба сарварони Болоқ гуфт: «Ба замини худ биравед, зеро Худованд намехоҳад ба ман изн диҳад, ки бо шумо биравам».


Ва алҳол, лутфан, омада, ин қавмро лаънат намо, зеро ки онҳо аз ман қавитаранд: шояд, комьёб шавам, ва мо онҳоро зарба занем, ва ман онҳоро аз ин замин бадар ронам; зеро ки медонам: ҳар киро ту баракат диҳӣ, муборак хоҳад буд, ва ҳар киро лаънат намоӣ, малъун хоҳад буд».


Ба яқин, Яъқубро ба ҷодуе ҳоҷат нест, ва Исроилро ба афсуне ҳоҷат нест; ҳар вақт ба Яъқуб ва ба Исроил гуфта хоҳад шуд, ки Худо чӣ корҳо мекунад.


Ва Билъом ба Болоқ гуфт: «Назди қурбонии сӯхтании худ биист, ва ман меравам: шояд, Худованд ба пешвози ман биёяд, ва ҳар чи Ӯ ба ман зоҳир намояд, ба ту хоҳам гуфт». Ва ӯ ба баландие баромад.


Чӣ гуна лаънат намоям, дар сурате ки Худо лаънат нанамудааст? Ва чӣ гуна нафрин фармоям, дар сурате ки Худованд нафрин нафармудааст?


Монанди шери нар ва монанди шери мода чӯкида, дар камин хобидааст, кист, ки ӯро бархезонад? Ҳар кӣ туро баракат диҳад, бигзор муборак бошад, ва ҳар кӣ туро лаънат намояд, бигзор малъун бошад!»


Вақте ки вай бар курсии доварӣ нишаста буд, занаш кас фиристода, гуфт: «Бо Он Одил туро коре набошад, чунки имрӯз дар хоб аз боиси Ӯ заҳмати бисьёр кашидам».


Зеро ки бахшоишҳо ва даъвати Худо тағьирнопазир аст.


Муборак аст Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳ, ки моро бо ҳар баракати рӯҳоние ки дар афлок аст, дар Масеҳ баракат додааст,


Зеро ки Худованд Худоят туро дар тамоми амали дастат баракат додааст; дар ин биёбони бузург роҳ паймуданатро медонист — ин чил сол аст, ки Худованд Худоят бо туст, ва ту аз ҳеҷ чиз камӣ надоштӣ“.


Вале Худованд Худои ту нахост Билъомро гӯш кунад, ва Худованд Худои ту он лаънатро барои ту ба баракат табдил дод, зеро ки Худованд Худоят туро дӯст медорад.


Ҳангоми даромадани худ ту бобаракот хоҳӣ буд ва ҳангоми баромадани худ ту бобаракот хоҳӣ буд.


Хушо ту, эй Исроил! Кист монанди ту, эй қавме ки наҷотбаҳши ту Худованд аст, ки Ӯ сипари нигаҳбони ту ва шамшери ҷалоли туст! Ва душманонат ба ту тамаллуқ мегӯянд, ва ту баландиҳои онҳоро поймол мекунӣ».


Ту бештар аз ҳамаи қавмҳо бобаракот хоҳӣ буд; дар миёни шумо ва дар миёни чорвои шумо нар ё модаи бенасл нахоҳад буд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan