Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 22:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Ва банӣ‐Исроил кӯч карда, дар даштҳои Мӯоб, дар он тарафи Урдун, дар наздикии Ериҳӯ ӯрду заданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 22:1
14 Iomraidhean Croise  

Ва чун ҳамаи яҳудиёне ки дар Мӯоб ва дар миёни банӣ‐Аммӯн ва дар Адӯм ва дар ҳамаи кишварҳо буданд, шуниданд, ки подшоҳи Бобил як қисми Яҳудоро вогузоштааст ва бар онҳо Ҷадальё ибни Аҳиқом ибни Шофонро волӣ таъин намудааст,


Ва аз Бомӯт — ба Гай, ки дар кишвари Мӯоб, бар қуллаи Фисҷа воқеъ аст, бар қуллае ки бар рӯи биёбон қад кашидааст.


Ва Мусо ва Элъозори коҳин ба онҳо дар даштҳои Мӯоб, назди Урдун, дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ, сухан ронда, гуфтанд:


Ва асирон ва чорпоёни забтшуда ва ғаниматро пеши Мусо ва Элъозори коҳин ва ҷамоати банӣ‐Исроил ба ӯрдугоҳ, ба даштҳои Мӯоб, ки назди Урдун, дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ буд, оварданд.


Зеро ки мо бо онҳо дар он тарафи Урдун ва соҳили он ҳеҷ мулке нахоҳем гирифт, чунки мулки мо аз ин тарафи Урдун, аз соҳили шарқии он насиби мо гардидааст».


Ин дую ним сибт мулки худро аз он тарафи Урдун, дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ, ҷониби шарқ гирифтаанд».


Ва Худованд ба Мусо дар даштҳои Мӯоб, назди Урдун, дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ сухан ронда, гуфт:


Ин аст аҳком ва дастуроте ки Худованд ба воситаи Мусо дар даштҳои Мӯоб, назди Урдун, дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ ба банӣ‐Исроил амр фармудааст.


Дар он тарафи Урдун, дар замини Мӯоб, Мусо ба шарҳ додани ин шариат шурӯъ намуда, гуфт:


Ва мо дар он вақт заминро аз дасти ду подшоҳи амӯриён, ки дар он тарафи Урдун буданд, аз наҳри Арнӯн то кӯҳи Ҳермӯн, —


Ва Мусо аз саҳрои Мӯоб ба кӯҳи Набӯ, бар қуллаи Фисҷа, ки дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ воқеъ аст, баромад, ва Худованд тамоми заминро ба ӯ нишон дод: Ҷилъодро то Дон;


Ва банӣ‐Исроил дар саҳрои Мӯоб сӣ рӯз барои Мусо мотам гирифтанд; ва рӯзҳои навҳаи мотами Мусо ба анҷом расид.


Обҳое ки аз боло фурӯд меомад, ба масофаи бисьёр дур аз шаҳри Одом, ки дар ҷониби Сортон аст, мисли деворе бозистод, ва обҳое ки сӯи баҳри биёбон, яъне баҳри Намак, фурӯд меомад, тамоман қатъ гардид, ва қавм дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ убур карданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan