Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 21:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Ва Мусо мори мисине сохта, бар сари ходае монд; ва ҳар гоҳ касеро мор заҳр мезад, ҳамин ки вай ба мори мисин назар мекард, зинда мемонд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 21:9
13 Iomraidhean Croise  

Ӯ баландиҳоро барҳам дод, ва сутунҳоро шикаст, ва Ашераро маҳв намуд, ва мори мисинро, ки Мусо сохта буд, пора‐пора кард, зеро ки то он айём банӣ‐Исроил барояш бухур месӯзониданд, ва ӯ онро Наҳуштон номид.


Ба Ман руҷӯъ намоед ва наҷот хоҳед ёфт, эй тамоми ақсои замин! Зеро ки Ман Худо ҳастам, ва дигаре нест.


Ва бар хонадони Довуд ва бар сокинони Ерусалим рӯҳи марҳамат ва риққатро фурӯ хоҳам рехт, ва онҳо бар Ман, ки найза задаанд, назар хоҳанд дӯхт, ва мисли он ки барои писари ягона навҳа мекунанд, барои Ӯ навҳа хоҳанд кард, ва мисли он ки барои нахустзода мотам мегиранд, барои Ӯ мотам хоҳанд гирифт.


Фардои он, Яҳьё Исоро дид, ки ба ҷониби вай меояд, ва гуфт: «Инак Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро мебардорад;


Ва ҳангоме ки Ман аз замин боло бурда мешавам, ҳамаро сӯи Худ хоҳам кашид».


Ва иродаи Фиристандаи Ман ин аст, ки ҳар кӣ Писарро дид ва ба Ӯ имон овард, ҳаёти ҷовидонӣ дошта бошад; ва Ман дар рӯзи вопасин вайро эҳьё хоҳам кард».


Зеро ки адолати Худо дар он аз имон ба имон зоҳир мешавад, чунон ки навишта шудааст: «Одил ба василаи имон хоҳад зист».


Зеро, азбаски шариат бо айби ҷисм суст шуда, ноилоҷ монда буд, Худо Писари Худро ба сурати ҷисми пургуноҳ ва барои гуноҳ фиристода, гуноҳро дар ҷисм маҳкум кард,


Зеро Ӯро, ки аз гуноҳ бехабар буд, барои мо қурбони гуноҳ сохт, то ки мо дар Ӯ адолати Худо шавем.


Ва ба Сарвар ва Комилкунандаи имони мо, яъне Исо, назар дӯзем, ки Ӯ ба ҷои шодие ки Ӯро дар пеш буд, ба хорӣ беэътиноӣ намуда, ба салиб тоб овард ва ба ямини тахти Худо бинишаст.


Касе ки гуноҳ мекунад, вай аз иблис аст, чунки иблис аз ибтидо гуноҳ кардааст. Барои ҳамин ҳам Писари Худо зоҳир шуд, ки аъмоли иблисро вайрон кунад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan