8 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Барои худ мори заҳрдоре бисоз, ва онро бар сари ходае бимон; ва ҳар моргазида, агар ба он назар кунад, зинда хоҳад монд».
Ӯ баландиҳоро барҳам дод, ва сутунҳоро шикаст, ва Ашераро маҳв намуд, ва мори мисинро, ки Мусо сохта буд, пора‐пора кард, зеро ки то он айём банӣ‐Исроил барояш бухур месӯзониданд, ва ӯ онро Наҳуштон номид.
Худованд чашми кӯронро мекушояд; Худованд хамидақоматонро рост мегардонад; Худованд одилонро дӯст медорад.
Эй тамоми замини Фалиштӣ, шодӣ накун, ки чӯбдасте ки туро мезад, шикастааст; зеро ки аз решаи мор афъӣ мебарояд, ва самараи он — аждаҳои паррон хоҳад буд.
Ваҳй дар бораи баҳимути ҷанубӣ. Онҳо аз замини тангӣ ва мусибат, ки модашер ва наррашер, афъӣ ва аждаҳои паррон аз он ҷо меояд, сарвати худро бар пушти харон, ва ганҷи худро бар кӯҳони шутурон бор карда, назди қавме ки ҳеҷ фоидае надоранд, мебаранд.
Ба Ман руҷӯъ намоед ва наҷот хоҳед ёфт, эй тамоми ақсои замин! Зеро ки Ман Худо ҳастам, ва дигаре нест.
Ва чунон ки Мусо дар биёбон морро боло бардошт, Писари Одам низ бояд ончунон боло бурда шавад,