Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 21:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Ва аз кӯҳи Қӯр бо роҳи баҳри Қулзум кӯч карданд, то ки замини Адӯмро давр зананд; ва дар роҳ тоқати қавм тоқ шуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 21:4
14 Iomraidhean Croise  

Ва ӯ гуфт: «Бо кадом роҳ меравем?» Вай гуфт: «Бо роҳи биёбони Адӯм».


Ва Мусо ба банӣ‐Исроил ба ин мазмун сухан ронд; вале онҳо ба сабаби шикастадилӣ ва меҳнати сахт ба Мусо гӯш надоданд.


Ва азбаски амолеқиён ва канъониён дар водӣ сокинанд, фардо тоб хӯрда, бо роҳи баҳри Қулзум сӯи биёбон кӯч кунед».


Ва Мусо ончунон ки Худованд амр фармуда буд, амал кард, ва онҳо пеши назари тамоми ҷамоат ба кӯҳи Ҳӯр баромаданд.


Ва чаро дили банӣ‐Исроилро аз гузаштан ба замине ки Худованд ба онҳо додааст, хунук мекунед?


Онҳо ба водии Эшкӯл расида, заминро диданд, ва дили банӣ‐Исроилро аз омадан ба замине ки Худованд ба онҳо додааст, хунук карданд.


Ва аз кӯҳи Ҳӯр кӯч карда, дар Салмӯна ӯрду заданд.


Ва дилҳои шогирдонро тақвият дода, панд мегуфтанд, ки «дар имон устувор бошед, зеро ки мо бояд бо мусибатҳои бисьёр дохили Малакути Худо гардем».


Вале шумо рӯй нихода, бо роҳи баҳри Қулзум сӯи биёбон кӯч кунед“.


Ва мо рӯй ниҳода, бо роҳи баҳри Қулзум сӯи биёбон кӯч кардем, чунон ки Худованд ба ман гуфта буд; ва кӯҳи Сеирро айёми зиёде давр задем.


Ва дар биёбон роҳ гашта, замини Адӯм ва замини Мӯобро давр заданд, ва ба ҷониби шарқии замини Мӯоб расида, дар он тарафи Арнӯн ӯрду заданд; вале ба ҳудуди Мӯоб надаромаданд, зеро ки Арнӯн ҳудуди Мӯоб аст.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan