Инак, Ман дар он ҷо пеши ту бар сахрае ки дар Ҳӯриб аст, меистам, ва ту сахраро мезанӣ, ва об аз он мебарояд, ва қавм менӯшанд». Ва Мусо пеши назари пирони Исроил чунин кард.
«Асоро бигир, ва ту ва бародарат Ҳорун ҷамоатро ҷамъ карда, пеши назари онҳо ба сахра бигӯед, ки оби худро бидиҳад: ва ту барои онҳо аз сахра об бароварда, ҷамоат ва чорпоёни онҳоро хоҳӣ нӯшонид».
Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Агар атои Худоро медонистӣ, ва кист, ки ба ту мегӯяд: „Ба Ман барои нӯшидан об деҳ“, холо худат аз Ӯ хоҳиш мекардӣ, ва Ӯ ба ту оби ҳаёт медод».
Лекин ҳар кӣ аз обе ки Ман ба вай медиҳам, нӯшад, абадан ташна намонад, балки обе ки Ман ба вай медиҳам, дар вай чашмаи обе гардад, ки то ҳаёти ҷовидонӣ меҷӯшад».