1 Ва Канъонӣ, подшоҳи Арод, ки дар ҷануб сокин буд, шунид, ки Исроил бо роҳи Аторим меояд, ва ӯ бо исроилиён ҷанг кард, ва баъзеро аз онҳо ба асирӣ бурд.
Ва аз онҳо мардуми Ой тақрибан сиву шаш нафарро куштанд, ва аз пеши дарвоза то Шеборим онҳоро таъқиб карданд, ва дар нишебӣ ба онҳо зарба расониданд; ва дили қавм гудохта гардида, об шуд.