Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 20:8 - Китоби Муқаддас 1992 1999

8 «Асоро бигир, ва ту ва бародарат Ҳорун ҷамоатро ҷамъ карда, пеши назари онҳо ба сахра бигӯед, ки оби худро бидиҳад: ва ту барои онҳо аз сахра об бароварда, ҷамоат ва чорпоёни онҳоро хоҳӣ нӯшонид».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 20:8
31 Iomraidhean Croise  

Магар барои Худованд чизи мушкиле ҳаст? Дар сари ваъда, соли оянда дар ҳамин вақт назди ту хоҳам баргашт, ва Сороро писаре хоҳад шуд».


Ва нон аз осмон ба онҳо аз баҳри гуруснагиашон додӣ, ва об аз сахра ба онҳо аз баҳри ташнагиашон берун овардӣ, ва ба онҳо гуфтӣ, ки омада заминеро мерос гиранд, ки Ту бо дасти барафроштаи Худ қасам хӯрда будӣ, ки онро ба онҳо бидиҳӣ.


Ва онҳоро ба дасти халқҳо супурд, ва бадхоҳонашон бар онҳо ҳукмфармо шуданд.


Зеро ки ҷонамро аз мамот халосӣ додаӣ, чашмамро аз ашк, поямро аз лағҷидан.


Бичашед ва хоҳед дид, ки Худованд некӯст! Хушо марде ки ба Ӯ паноҳ мебарад!


Ва ту асои худро баланд бардор, ва дасти худро бар баҳр дароз карда, онро аз ҳам чудо кун, то ки банӣ‐Исроил андаруни баҳр бар хушкӣ бигзаранд.


Ва Мусо ба Еҳушаъ гуфт: «Мардонро барои мо интиҳоб намо ва баромада, бо Амолеқ ҳарбу зарб кун; фардо ман бар қуллаи тал хоҳам истод, ва асои Худо дар дастам хоҳад буд».


Ва ин асоро ба дастат бигир, ки ба воситаи он ту аломатҳо ба амал хоҳӣ овард».


Ва Худованд ба вай гуфт: «Ин чист дар дастат?» Вай гуфт: «Асо».


Ва Мусо занаш ва писаронашро гирифта, ба хар савор кард, ва ба замини Миср баргашт; ва Мусо асои Худоро ба дасти худ гирифт.


Ва Мусо ва Ҳорун ончунон, ки Худованд амр фармуда буд, карданд: асоро бардошта, оби наҳрро пеши назари фиръавн ва пеши назари навкаронаш зад; ва тамоми оби наҳр ба хун мубаддал шуд.


Ҳайвоноти саҳро, шағолон ва шутурмурғон Маро мадҳ хоҳанд кард, зеро ки Ман об дар бодия, ва наҳрҳо дар биёбон ба вуҷуд овардаам, то ки қавми баргузидаи Худро сероб намоям,


Ва онҳо ташнагӣ накашиданд, гарчанде ки Ӯ онҳоро бо роҳҳои харобазор бурд; аз кӯҳпора барои онҳо об баровард: кӯҳпораро шикоф кард, ва об ҷорӣ шуд.


Ва Мусо дасти худро бардошта, сахраро бо асои худ ду карат зад, ва оби бисьёре берун омад; ва ҷамоат ва чорпоёни онҳо нӯшиданд.


Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:


Ва низ аз ҷараёнгоҳи водиҳо, ки ҷониби мавқеи Ор майл мекунад, ва ба ҳудуди Мӯоб мепайвандад».


Чоҳе ки мирон онро ҳафра задаанд, наҷибони кавм бо чӯбдаст ва асоҳои худ онро кандаанд». Ва аз биёбон ба Маттоно кӯч карданд.


Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар имон дошта бошед ва шубҳа накунед, на танҳо онро, ки ба дарахти анҷир рӯй дод, ба амал хоҳед овард, балки агар ба ин кӯҳ гӯед, ки „бархоста, худро дар баҳр афкан“, — чунин хоҳад шуд;


Пас, агар шумо, ки шарир ҳастед, ба фарзандони худ додани инъомҳои некро медониста бошед, пас Падари шумо, ки дар осмон аст, чанд маротиба зиёдтар ба онҳое ки аз ӯ металабанд, Рӯҳулқудсро хоҳад дод».


То кунун ба исми Ман чизе талаб накардаед; талаб кунед, то бигиред, ва шодии шумо комил гардад.


Ҳамаи онҳо якдилона ба дуо машғул буданд, ва ҳамроҳашон занон ва Марьям модари Исо ва бародарони Ӯ низ буданд.


Ва ҳар чиро, ки дар шаҳр буд, — аз мард то зан, аз ҷавон то пир ва то гов ва гӯсфанд ва хар, — ба дами шамшер маҳв карданд.


Ва Еҳушаъ ибни Нун коҳинонро даъват намуда, ба онҳо гуфт: «Сандуқи аҳдро бардоред; ва ҳафт коҳин бигзор ҳафт шохи қӯчқорро пешопеши сандуқи Худованд бардоранд».


Ва дарьёи покизаи оби ҳаётро ба ман нишон дод, ки мисли булӯр дураҳшон буда, аз ҷониби тахти Худо ва Барра ҷорӣ мешуд.


Ва Рӯҳ ва арӯс мегӯянд: «Биё!» Ва ҳар кӣ мешунавад, бигӯяд: «Биё!» Бигзор ташна биёяд, ва ҳар кӣ бихоҳад, оби ҳаётро муфт бигирад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan