Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 20:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Ва чаро ҷамоати Худовандро ба ин биёбон овардед, то ки мо ва чорпоёни мо дар ин ҷо бимирем?

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 20:4
13 Iomraidhean Croise  

Бигзор Худовандро барои эҳсони Ӯ ҳамд гӯянд, ва барои корҳои аҷоиби Ӯ аз баҳри банӣ‐одам!


Ва банӣ‐Исроил ба онҳо гуфтанд: «Кошки аз дасти Худованд дар замини Миср мемурдем, вақте ки назди деги гӯшт менишастем ва серона нон мехӯрдем! Зеро ки моро ба ин биёбон берун овардед, то ки тамоми ин ҷамоатро аз гуруснагӣ бикушед».


Ва дар он ҷо қавм ташнаи об буданд, ва қавм аз Мусо шикоят карда гуфтанд: «Чаро моро аз Миср берун овардӣ, то ки мо ва фарзандони мо ва чорвои моро аз ташнагӣ бикушӣ?»


Ва ба онҳо гуфтанд: «Бигзор Худованд шуморо бубинад ва доварӣ намояд, аз барои он ки моро дар назари фиръавн ва навкаронаш нафратангез гардонида, шамшер ба дасташон додаед, то ки моро бикушанд».


Балки тамоми моҳ, то ки он аз бинии шумо барояд ва барои шумо нафратангез шавад, чунки аз Худованд, ки дар миёни шумост, нафрат намудед, ва пеши Ӯ гирья карда гуфтед: чаро аз Миср берун омадем?“»


Моҳиро, ки дар Миср муфт мехӯрдем, ва бодиринг, ва харбуза, ва тара, ва сирро ёд мекунем.


Ва тамоми банӣ‐Исроил аз Мусо ва Ҳорун шиква карданд, ва тамоми ҷамоат ба онҳо гуфтанд: «Кошки дар замини Миср мемурдем, ё дар ҳамин биёбон ҷон медодем!


Ва фардояш тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил аз Мусо ва Ҳорун шиква карда, гуфтанд: «Шумо қавми Худовандро куштед!»


Ҳамон Мусоро, ки рад карда, гуфта буданд: „Кӣ туро ҳоким ва қозӣ таъин кардааст?“, Худо ба василаи фариштае ки дар бутта ба ӯ зоҳир шуд, ҳоким ва раҳокунанда таъин намуда, фиристод;


Зеро исроилиён, вақте ки аз Миср берун омаданд, дар биёбон то баҳри Қулзум роҳ гашта, ба Қодеш расиданд;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan