3 Ва қавм бо Мусо низоъ карда, гуфтанд: «Кошки мо ҳам мемурдем, вақте ки бародарони мо ба ҳузури Худованд мурданд!
Дарьёҳоро ба биёбон табдил медиҳад, ва чашмаҳои обро ба ташназамин,
Ва қавм бо Мусо низоъ карда, гуфтанд: «Ба мо об диҳед, то бинӯшем». Ва Мусо ба онҳо гуфт: «Чаро бо ман низоъ мекунед? Чаро Худовандро меозмоӣ?»
Куштаҳои шамшер назар ба куштаҳои гуруснагӣ хушбахттар буданд, чунки аз теғ хуншор шуда, зуд мурдаанд, назар ба онҳое ки аз камии маҳсулоти киштзор бо азоби бисьёр ҷон додаанд.
Ва қавм шикоят карда, дар гӯши Худованд суханони бад гуфтанд; ва Худованд инро шунида, хашмаш аланга зад, ва оташи Худованд дар миёни онҳо даргирифта, канори ӯрдугоҳро сӯзонид.
Ва чаро Худованд моро ба ин замин мебарад, то ки мо ба дами шамшер биафтем, ва занону кӯдакони мо ба асирӣ бурда шаванд? Оё барои мо беҳтар нест, ки ба Миср баргардем?»
Ва касоне ки аз вабо мурданд, чордаҳ ҳазору ҳафтсад нафар буданд, ба ҷуз онҳое ки аз боиси Қӯраҳ нобуд шуданд.