Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 20:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Ва тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил дар моҳи якум ба биёбони Син расиданд, ва қавм дар Қодеш ӯрду заданд; ва Марьям дар он ҷо вафот ёфт, ва дар он ҷо дафн карда шуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 20:1
23 Iomraidhean Croise  

Ва баргашта, ба чашмаи Мишфот, ки ҳамон Қодеш бошад, омаданд ва тамоми дашти Амолеқро, ва амӯриёнро низ, ки дар Ҳассун‐Томор сокин буданд, шикаст доданд.


Худовандо! Бо ҳусни таваҷҷӯҳи Худ кӯҳи маро қувват бахшидӣ, аммо чун рӯи Худро пинҳон кардӣ, ҳаросон шудам.


Ва Марьями набия, хоҳари Ҳорун, дафро ба дасти худ гирифт, ва ҳамаи занон аз қафои вай дафзанон ва рақскунон берун омаданд.


Ва хоҳари ӯ аз дур истод, то бидонад, ки ҳоли ӯ чӣ мешавад.


Ва хоҳари ӯ ба духтари фиръавн гуфт: «Оё рафта, зани ширдореро аз занони ибриён назди ту бихонам, то ки бачаро барои ту шир диҳад?»


Ва канори ҷанубӣ, ба тарафи ҷануб, аз Томор то обҳои Марибут‐Қодеш ва наҳри сӯи баҳри Кабир хоҳад буд; ва ин аст канори ҷанубӣ ба тарафи ҷануб.


Ман туро, охир, аз замини Миср баровардам, ва туро аз хонаи бандагӣ фидия дода гирифтам, ва пешопеши ту Мусо, Ҳорун ва Марьямро фиристодам.


Ва Марьям ва Ҳорун Мусоро дар бораи зани ҳабашие ки гирифта буд, мазаммат карданд, зеро ки ӯ зани ҳабашӣ гирифта буд;


Ва абр аз болои хайма дур шуд, ва инак, Марьям аз махав мисли барф сафед шуда буд; ва Ҳорун ба Марьям назар андохт, ва инак, вай махавӣ гардидааст.


Ва Марьям ҳафт рӯз берун аз ӯрдугоҳ ҷудо гузошта шуд; ва қавм то вақти баргаштани Марьям кӯч накарданд.


Ва онҳо баромада, заминро аз биёбони Син то Раҳуб, ки назди Ҳамот буд, ҷосусӣ карданд.


Ва раҳсипор шуда, назди Мусо ва Ҳорун ва тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил ба биёбони Форон, ба Қодеш расиданд, ва ба онҳо ва тамоми ҷамоат хабар оварданд, ва меваи заминро ба онҳо нишон доданд.


Ва мо сӯи Худованд фиғон кашидем, ва Ӯ овози моро шунид, ва элчие фиристода, моро аз Миср берун овард, ва инак, мо дар Қодеш мебошем, ки шаҳрест дар канори ҳудуди ту.


Ва онҳо аз Қодеш кӯч карданд, ва банӣ‐Исроил, тамоми ҷамоаташон, ба кӯҳи Ҳӯр расиданд.


Ва Мусо либоси Ҳорунро кашид, ва онро ба писараш Элъозор пӯшонид, ва Ҳорун дар он ҷо, бар сари кӯҳ вафот ёфт; ва Мусо ва Элъозор аз кӯҳ фурӯд омаданд.


Ва номи зани Амром Юкобад буд, ки ӯ духтари Левӣ буд, ва ӯро зани Левӣ дар Миср зоида буд; ва ӯ барои Амром Ҳорун ва Мусо ва хоҳарашон Марьямро зоид.


Аз боиси он ки шумо дар биёбони Син, вақте ки ҷамоат низоъ карданд, ба фармони Ман муқобилат намудед, ва қудсияти Маро назди об пеши назари онҳо зоҳир насохтед, ки оби Мерибои Қодеш дар биёбони Син буд».


Ва аз Эсьйӯн‐Ҷобар кӯч карда, дар биёбони Син, ки Қодеш бошад, ӯрду заданд.


Ва шумо дар Қодеш айёми зиёде истодед, мисли айёме ки пеш аз он истода будед.


Ва айёме ки аз Қодеш‐Барнеа роҳ паймудем, то даме ки аз наҳри Зорад убур кардем, сию ҳашт сол буд, яъне то вақте ки тамоми он мардуми ҷангӣ аз миёни ӯрду тамом шуданд, чунон ки Худованд ба онҳо қасам хӯрда буд.


Аз боиси он ки шумо андаруни банӣ‐Исроил, назди обҳои Мерибо, дар биёбони Син ба ман имон наовардед; аз боиси он ки шумо Маро андаруни банӣ‐Исроил тақдис накардед.


Зеро исроилиён, вақте ки аз Миср берун омаданд, дар биёбон то баҳри Қулзум роҳ гашта, ба Қодеш расиданд;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan