3 Ва аз тарафи пеши шарқӣ аҳли байрақи ӯрдуи Яҳудо бар ҳасби фавҷҳошон хайма мезананд, ва раиси банӣ‐Яҳудо Наҳшӯн ибни Амминодоб аст;
Ва чунин воқеъ шуд, ки дар вақти иқомати Исроил дар он сарзамин Реубен рафта, бо суррияи падари худ Билҳо хобид. Ва Исроил инро шунид. Ва банӣ‐Яъқуб дувоздаҳ нафар буданд.
Писарони Леё: Реубен, нахустзодаи Яъқуб, Шимъӯн, Левӣ, Яҳудо, Иссокор ва Забулун.
Ва Ром Аминодобро ба дуньё овард, ва Аминодоб Наҳшӯнро ба дуньё овард, ки вай раиси банӣ‐Яҳудо буд.
Ва агарчи Яҳудо бар бародаронаш бартарӣ пайдо карда, пешво аз ӯ пайдо шуд, вале нахустзодагӣ аз они Юсуф гардид.
Ва Ҳорун Элишобаъ бинти Аминодоб, хоҳари Наҳшӯнро барои худ ба занӣ гирифт; ва вай барои ӯ Нодоб, ва Абиҳу, ва Элъозор, ва Итоморро зоид.
Ва ин аст номҳои шахсоне ки ҳамроҳи шумо хоҳанд буд: аз Реубен — Элисур ибни Шадиур;
Аз Яҳудо — Наҳшӯн ибни Амминодоб;
Ва ҳангоме ки бо садои дуру дароз бинавозед, ӯрдуҳое ки ба тарафи шарқ мебошанд, кӯч хоҳанд кард.
Ва фавҷи ӯ, ки дар шумор оварда шудаанд, ҳафтоду чор ҳазору шашсад нафаранд.
Ва пеши маскан аз ҷониби офтоббаро, яъне пеши хаймаи ҷомеъ аз тарафи шарқ, бояд Мусо ва Ҳорун ва писаронаш хайма зананд, ки онҳо вазифаи нигаҳбонии қудс ва нигаҳбонии банӣ‐Исроилро иҷро мекунанд; ва шахси бегонае ки ба он наздик ояд, кушта хоҳад шуд.
Ва дар рӯзи якум Наҳшӯн ибни Амминодоб, аз сибти Яҳудо, қурбонии худро тақдим намуд;
Ва барои забҳи саломатӣ ду наргов, панҷ қӯчқор, панҷ нарбуз, панҷ барраи нари яксола; инҳо қурбонии Наҳшӯн ибни Амминодоб буд.
Ва Ром Аминодобро ва дуньё овард; ва Аминодоб Наҳшӯнро ба дуньё овард; ва Наҳшӯн Салмӯнро ба дуньё овард;
Ва Аминодоб Наҳшӯнро ба дуньё овард, ва Наҳшӯн Салмӯнро ба дуньё овард,