25 Байрақи ӯрди Дон бояд ба тарафи шимолӣ бар тибқи фавҷҳошон бошад, ва раиси банӣ‐Дон Аҳиозар ибни Аммишаддой аст;
Аз Дон — Аҳиозар ибни Аммишаддой;
Аз банӣ‐Дон бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —
Ва байрақи ӯрдуи банӣ‐Дон, ки соқаи ҳамаи ӯрдуҳо буд, бо фавҷҳои онҳо кӯч кард, ва бар фавҷи вай Аҳиозар ибни Аммишаддой буд.
Ва фавҷи ӯ, ки дар шумор оварда шудаанд, шасту ду ҳазору ҳафтсад нафаранд.
Ва раиси хонадони қабилаҳои марориён Суриил ибни Абиҳоил аст; онҳо бояд ба тарафи шимолии маскан хайма зананд.
Дар рӯзи даҳум — Аҳиозар ибни Аммишаддой, раиси банӣ‐Дон.
Ва барои забҳи саломатӣ ду наргов, панҷ қӯчқор, панҷ нарбуз, панҷ барраи нари яксола; инҳо қурбонии Аҳиозар ибни Аммишаддой буд.