Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 2:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 «Бигзор банӣ‐Исроил ҳар яке назди байрақи худ бар ҳасби нишонҳои хонадонашон хайма зананд; дар рӯ ба рӯи хаймаи ҷомеъ гирдогирд хайма зананд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 2:2
23 Iomraidhean Croise  

Замин ва ҳамаи сокинонаш ба ларза омадаанд; Ман аркони онро барпо кардаам». Село.


Ва гуфтам: «Ин мусибати ман аст, ки ямини Ҳаққи Таоло тағьир ёфтааст».


Ба ваҷд ой ва бисарой, эй сокинаи Сион, зеро ки Қуддуси Исроил андаруни ту бузург аст».


Эй ҳамаи бошандагони дуньё ва сокинони замин! Чун ливое бар кӯҳҳо барафрошта шавад, бингаред, ва чун шох садо диҳад, бишнавед.


Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Ин аст макони тахти Ман ва макони кафи пойҳои Ман, ки дар он Ман дар миёни банӣ‐Исроил то абад сокин хоҳам шуд; ва хонадони Исроил, ҳам худашон ва ҳам подшоҳонашон, дигар исми муқаддаси Маро бо зинокории худ ва бо лошаҳои подшоҳони худ ва бо баландиҳои худ палид нахоҳанд кард,


Ва Худованд Худои онҳо дар он рӯз онҳоро наҷот хоҳад дод, қавми Худро мисли гӯсфандон хоҳад чаронид, — мисли ҷавоҳироти тоҷ, ки бар замини Ӯ медурахшад.


Балки левизодагонро бар маскани шаҳодат ва бар тамоми колои он ва бар ҳар чизе ки ба он тааллуқ дорад, таъин намо; бигзор онҳо маскан ва тамоми колои онро бардоранд ва хизмати онро ба ҷо оваранд, ва дар атрофи маскан хайма зананд;


Ва байрақи ӯрдуи банӣ‐Яҳудо аввалин шуда бо фавҷҳои онҳо кӯч кард, ва бар фавҷи вай Наҳшӯн ибни Амминодоб буд.


Ва байрақи ӯрдуи Реубен бо фавҷҳои онҳо кӯч кард, ва бар фавҷи вай Элисур ибни Шадиур буд.


Ва байрақи ӯрдуи банӣ‐Эфроим бо фавҷҳои онҳо кӯч кард, ва бар фавҷи вай Элишомоъ ибни Аммиҳуд буд.


Ва байрақи ӯрдуи банӣ‐Дон, ки соқаи ҳамаи ӯрдуҳо буд, бо фавҷҳои онҳо кӯч кард, ва бар фавҷи вай Аҳиозар ибни Аммишаддой буд.


Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун сухан ронда, гуфт:


Байрақи ӯрдуи Реубен бояд ба тарафи ҷанубӣ бар ҳасби фавҷҳошон бошад, ва раиси банӣ‐Реубен Элисур ибни Шадиур аст;


Ва аз тарафи пеши шарқӣ аҳли байрақи ӯрдуи Яҳудо бар ҳасби фавҷҳошон хайма мезананд, ва раиси банӣ‐Яҳудо Наҳшӯн ибни Амминодоб аст;


Ва Билъом чашмонашро боло карда, Исроилро дид, ки бар ҳасби сибтҳояш маскан гирифтааст, ва Рӯҳи Худо бар ӯ фурӯ рехт.


Чунки Худо Худои ҳарҷумарҷ нест, балки Худои осоиштагист. Дар ҳамаи калисоҳои муқаддасон ҳамин тавр аст.


Лекин ҳамааш бояд бо тартибу интизом ба амал ояд.


Фақат ин ки муносиби башорати Масеҳ умр гузаронед, то ки ман — хоҳ омада шуморо бинам, хоҳ аз шумо дур бошам — дар бораи шумо бишнавам, ки шумо дар як рӯҳ қоим буда, якдилона барои имони Инҷил ҷидду ҷаҳд менамоед,


Инҳо робитаи худро аз сари бадан буридаанд, аз саре ки тамоми бадан ба воситаи буғумҳо ва бандҳо куввати ҳаётбахш гирифта ва пайваст гардида, нашъунамо меёбад ба нашъунамое ки аз Худост.


Аммо дар миёни шумо ва он то ду ҳазор зироъ масофа бояд бошад; ба он наздик нашавед, то роҳеро, ки бо он хоҳед рафт, бидонед, зеро ки шумо ҳаргиз бо ин роҳ убур нанамудаед».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan