Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 19:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Ва бигзор шахси поке хокистари модаговро ҷамъ карда, берун аз ӯрдугоҳ дар макони поке бимонад, ва он аз баҳри ҷамоати банӣ‐Исроил барои оби поккунанда нигоҳ дошта хоҳад шуд: ин пок кардан аст аз гуноҳ.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 19:9
16 Iomraidhean Croise  

Ва ҳар чизе ки вай дар вақти ҳайзи худ бар он мехобад, наҷис аст; ва ҳар чизе ки вай бар он менишинад, наҷис аст.


Дар он рӯз барои хонадони Довуд ва сокинони Ерусалим чашмае аз баҳри шустани гуноҳ ва наҷосат кушода хоҳад шуд.


Ҳар касе ки ба мурдае, ба ҷасади одаме ки мурдааст, расида, худро пок нагардонида бошад, маскани Худовандро палид месозад, ва он кас аз миёни Исроил маҳв хоҳад шуд; зеро ки оби поккунанда бар вай пошида нашудааст, аз ин рӯ вай нопок аст, яъне нопокии вай ҳанӯз бар вай боқист.


Ва бигзор барои шахси наҷис аз хокистари он қурбонии аз баҳри гуноҳ сӯзонидашуда бигиранд, ва оби равон бар он дар зарфе бирезанд;


Ва шахси поке зуфо гирифта, дар он об биғӯтонад, ва бар хайма ва бар тамоми коло ва бар касоне ки дар он буданд, ва бар шахсе ки ба устухон, ё ба мақтул, ё ба ҷасади мурда, ё ба қабр расидааст, бипошад;


Ва онро ба Элъозори коҳин бидиҳед, ва ӯ онро аз ӯрдугоҳ берун меоварад, ва онро ба ҳузури ӯ мекушанд.


Ва касе ки онро сӯзонидааст, бигзор либосашро бо об бишӯяд, ва баданашро дар об ғусл диҳад, ва то шом наҷис хоҳад буд.


Ва айёми назирии худро вай аз нав ба Худованд назр менамояд, ва барраи яксолае барои қурбонии ҷурм меоварад; вале рӯзҳои пешина ботил мешавад, зеро ки назирии вай наҷис гардидааст.


Ва барои татҳирашон ба онҳо чунин амал намо: оби татҳири гуноҳро бар онҳо бипош, ва бигзор онҳо тамоми бадани худро бо поку битарошанд, ва либосҳои худро бишӯянд, ва пок хоҳанд шуд;


Валекин касе ки пок бошад, ва дар сафар набошад, ва аз иҷрои фисҳ гардан тобад, он кас аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд, зеро ки қурбонии Худовандро дар мӯҳлаташ тақдим накардааст; он кас барои гуноҳи худ ҷазо хоҳад ёфт.


Зеро Ӯро, ки аз гуноҳ бехабар буд, барои мо қурбони гуноҳ сохт, то ки мо дар Ӯ адолати Худо шавем.


Пас, эй маҳбубонам, дар сурате ки чунин ваъдаҳо дорем, худамонро аз ҳар гуна наҷосати ҷисм ва рӯҳ тоза карда, қудсияти худро дар тарси Худо мукаммал намоем.


Зеро ки мо ба чунин Саркоҳин эҳтиёҷ дорем: муқаддас, аз бадӣ дур, беайб, аз гуноҳкорон ҷудо ва аз афлок болотар баромада,


Зеро, агар хуни бузҳо ва говҳо ва хокистари модагов, ки ба палидон пошида мешавад, онҳоро то ба дараҷаи татҳири ҷисм тақдис мекарда бошад,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan