Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 19:7 - Китоби Муқаддас 1992 1999

7 Ва коҳин либосашро бишӯяд ва баданашро дар об ғусл диҳад, ва баъд аз он ба ӯрдугоҳ биёяд, ва коҳин то шом наҷис хоҳад буд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 19:7
19 Iomraidhean Croise  

Ва аз инҳо наҷис хоҳед шуд; ҳар кӣ ба лошаи онҳо бирасад, то шом наҷис хоҳад буд.


Ва ҳар кӣ чизе аз лошаи онҳо бардошта бошад, бояд либосҳояшро бишӯяд, ва то шом наҷис хоҳад буд.


Ва аз ҳамаи ҳайвонҳое ки бар чор пой роҳ мераванд, ҳар кадоме ки бар кафи пои худ равон бошад, барои шумо наҷис аст; ҳар кӣ ба лошаи онҳо бирасад, то шом наҷис хоҳад буд.


Ва ҳар кӣ лошаи онҳоро бардошта бошад, бояд либосҳояшро бишӯяд, ва то шом наҷис хоҳад буд; онҳо барои шумо наҷисанд.


Инҳо аз ҳамаи ҳайвонҳои хазанда барои шумо наҷисанд; ҳар кӣ ба онҳо пас аз мурданашон бирасад, то шом наҷис хоҳад буд.


Ва ҳар чизе ки яке аз онҳо пас аз мурданаш бар он афтад, наҷис хоҳад шуд: хоҳ чизе аз зарфи чӯбин, хоҳ либосе, хоҳ пӯсте, хоҳ халтае, яъне ҳар колое ки барои коре истеъмол мешавад, бояд дар об гузошта шавад, ва он то шом наҷис хоҳад буд, ва пас аз он пок хоҳад шуд.


Ва агар яке аз чорпоёне ки барои хӯроки шумост, бимирад, ҳар кӣ ба лошаи он бирасад, то шом наҷис хоҳад буд.


Ва ҳар кӣ аз лошаи он хӯрда бошад, бояд либосҳояшро бишӯяд, ва то шом наҷис хоҳад буд; ва ҳар кӣ лошаи онро бардошта бошад, бояд либосҳояшро бишӯяд, ва то шом наҷис хоҳад буд.


Ва ҳар кӣ ба ин хона дар тамоми айёме ки он баста аст, доҳил шавад, то шом наҷис хоҳад буд.


Ва ҳар кӣ ба бистари ӯ мерасад, бояд либосҳои худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.


Он касе ки ба яке аз инҳо мерасад, то шом наҷис хоҳад буд, ва то бадани худро дар об ғусл надиҳад, набояд аз ҳадияҳои муқаддас бихӯрад.


Ва касе ки хокистари модаговро ҷамъ кардааст, бигзор либосашро бишӯяд, ва то шом наҷис хоҳад буд. Ва бигзор ин барои банӣ‐Исроил ва барои ғарибе ки дар миёни онхо сукунат дорад, фаризаи доимӣ бошад.


Ва шахси пок бар шахси наҷис дар рӯзи сеюм ва дар рӯзи ҳафтум бипошад, ва дар рӯзи ҳафтум ӯро пок гардонад, ва он гоҳ ӯ либосашро мешӯяд, ва дар об ғусл мекунад, ва шомгоҳ пок хоҳад буд.


Ва бигзор ин барои онҳо фаризаи доимӣ бошад; ва касе ки оби поккунанда пошидааст, бигзор либосашро бишӯяд; ва касе ки ба оби поккунанда расидааст, то шом наҷис хоҳад буд.


Ва ҳар чизе ки шахси наҷис ба он расида бошад, наҷис хоҳад буд, ва касе ки ба он бирасад, то шом наҷис хоҳад буд».


Ва касе ки онро сӯзонидааст, бигзор либосашро бо об бишӯяд, ва баданашро дар об ғусл диҳад, ва то шом наҷис хоҳад буд.


Ҷасади ҳайвоноте ки хунашонро саркоҳин барои кафорати гуноҳ ба қудс меоварад, берун аз бошишгоҳ сӯзонида мешавад, —


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan