6 Ва бигзор коҳин чӯби арз ва зуфо ва риштаи қирмиз гирифта, бар оташи модагов партояд;
Худо низ туро ба сурати абадӣ вожгун хоҳад намуд, туро бе беху буньёд карда, аз хаймаат бадар хоҳад ронд, ва решаи туро аз замини зиндаҳо. Село.
«Биёед исбот намоем, — мегӯяд Худованд, — агар гуноҳҳои шумо мисли қирмиз бошад, мисли барф сафед хоҳад шуд; агар мисли арғувон сурх бошад, мисли пашм хоҳад шуд.
Ва коҳин амр мефармояд, ки барои шахси покшаванда ду парандаи зиндаи пок, ва чӯби арз, ва риштаи қирмизӣ, ва зуфо бигиранд.
Ва ӯ барои пок кардани хона ду паранда, ва чӯби арз, ва риштаи қирмизӣ, ва зуфо мегирад,
Аммо парандаи зиндаро ӯ бо чӯби арз ва риштаи қирмизӣ ва зуфо мегирад, ва онҳоро бо парандаи зинда дар хуни парандае ки бар оби равон кушта шудааст, меғӯтонад.