4 Ва бигзор Элъозори коҳин бо ангушти худ аз хуни он гирифта, ба тарафи пеши хаймаи ҷомеъ ҳафт карат он хунро бипошад.
Ва аз хуни гӯсола гирифта, бо ангушташ ба тарафи шарқии сарпӯш мепошад, ва пеши сарпӯш ҳафт карат аз он хун бо ангушташ мепошад;
Ва бар он аз хун бо ангушташ ҳафт карат мепошад, ва онро аз нопокиҳои банӣ‐Исроил пок мегардонад ва тақдис менамояд;
Ва коҳин ангушташро дар хун ғӯтонида, онро ба ҳузури Худованд ҳафт карат пеши парда мепошад;
Ва коҳин ангушти худро дар хун меғӯтонад, ва аз хун ба ҳузури Худованд ҳафт карат пеши пардаи қудс мепошад.
Ва ба Исо, ки Миёнарави аҳди ҷадид аст, ва ба Хуни пошиданӣ, ки назар ба хуни Ҳобил хубтар сухан мегӯяд.
Ва мувофиқи таъиноти пешакии Худои Падар, бо тақдиси Рӯҳ, барои итоат ва пошидани Хуни Исои Масеҳ интиҳоб шудаанд: файз ва осоиштагӣ бар шумо фаровон бод.