Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 19:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва онро ба Элъозори коҳин бидиҳед, ва ӯ онро аз ӯрдугоҳ берун меоварад, ва онро ба ҳузури ӯ мекушанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 19:3
11 Iomraidhean Croise  

Ва гӯсолаи қурбонии гуноҳ ва нарбузи қурбонии гуноҳро, ки хунашон барои кафорат ба қудс дароварда шуда буд, бигзор аз ӯрдугоҳ берун оваранд, ва пӯсти онҳо ва гӯшти онҳо ва саргини онҳоро дар оташ бисӯзонанд.


«Он лаънаткунандаро аз ӯрдугоҳ барор, ва бигзор ҳамаи онҳое ки шунидаанд, дастҳои худро бар сари ӯ монанд, ва тамоми ҷамоат ӯро сангсор кунанд.


Ва пӯсти гӯсола, ва тамоми гӯшти он бо каллааш ва почаҳояш ва амъояш ва саргинаш, —


Яъне тамоми гӯсоларо бояд ба беруни ӯрдугоҳ, ба макони пок, ки он ҷо хокистарро мерезанд, бибарад, ва онро бар ҳезум дар оташ бисӯзонад; дар маконе ки хокистарро мерезанд, бигзор сӯзонида шавад.


Ва гӯсоларо аз ӯрдугоҳ берун бароварда, онро месӯзонад, чунон ки гӯсолаи аввалро сӯзонид. Ин қурбонии гуноҳи ҷамоат аст.


Ва тамоми ҷамоат ӯро аз ӯрдугоҳ берун оварданд, ва ӯро сангсор карданд, ва ӯ мурд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.


Ва бигзор шахси поке хокистари модаговро ҷамъ карда, берун аз ӯрдугоҳ дар макони поке бимонад, ва он аз баҳри ҷамоати банӣ‐Исроил барои оби поккунанда нигоҳ дошта хоҳад шуд: ин пок кардан аст аз гуноҳ.


Вале Нодоб ва Абиху ба ҳузури Худованд мурданд, вақте ки оташи ғайрро дар биёбони Сино ба ҳузури Худованд оварданд, ва онҳо фарзанд надоштанд; ва Элъозор ва Итомор дар ҳузури падарашон Ҳорун каҳонат мекарданд.


«Ба банӣ‐Исроил амр фармо, ки ҳар махавӣ ва ҳар каси ҷараёндор ва ҳар каси аз мурда наҷисшударо аз ӯрдугоҳ хориҷ кунанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan