Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 19:16 - Китоби Муқаддас 1992 1999

16 Ва ҳар кӣ дар саҳро ба ҷасади каси бо шамшер кушташуда, ё бо аҷали худ мурда, ё ба устухони одамизод, ба қабри вай мерасад, ҳафт рӯз наҷис хоҳад буд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 19:16
12 Iomraidhean Croise  

Дур шавед, дур шавед, аз он ҷо берун оед! Ба чизи нопок нарасед! Аз миёни он берун равед, худро тоза кунед, эй онҳое ки зарфҳои Худовандро мебардоред!


Ва баъд аз он ки ӯ пок шавад, барои ӯ ҳафт рӯз шумурданашон лозим аст.


Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ба коҳинон, яъне ба писарони Ҳорун сухан ронда, ба онҳо бигӯ: касе аз онҳо худро бо мурдае аз миёни қавми худ наҷис нагардонад,


Касе ки ба ҷасади мурдаи ҳар одаме мерасад, ҳафт рӯз наҷис хоҳад буд.


Ва ҳар зарфи кушода, ки сарпӯшаш бар он маҳкам карда нашуда бошад, наҷис хоҳад буд.


Ва шумо ҳафт рӯз берун аз ӯрдугоҳ хайма занед; ҳар кӣ касеро кушта бошад, ва ҳар кӣ ба мақтуле расида бошад, аз шумо ва асирони шумо, дар рӯзи сеюм ва дар рӯзи ҳафтум худро татҳир намояд.


«Ба банӣ‐Исроил амр фармо, ки ҳар махавӣ ва ҳар каси ҷараёндор ва ҳар каси аз мурда наҷисшударо аз ӯрдугоҳ хориҷ кунанд.


Тамоми айёме ки вай назири Худованд аст, набояд ба ҷасади мурдае наздик ояд.


Вале одамоне буданд, ки ба ҷасади мурда расида наҷис шуда буданд, ва фисҳро дар он рӯз наметавонистанд ба ҷо оваранд; ва онҳо дар он рӯз назди Мусо ва Ҳорун омаданд.


Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки ба қабрҳои сафед кардашуда монанд мебошед, ки аз берун зебо менамоянд, лекин дарунашон аз устухонҳои мурдагон ва ҳар хел наҷосат пур аст;


Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки шумо ба қабрҳои аз назар пинҳон монанд ҳастед, ки мардум дар болои онҳо роҳ мераванд ва инро намедонанд».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan