12 Вай бояд худро дар рӯзи сеюм ва дар рӯзи ҳафтум бо он пок гардонад, ва он гоҳ пок хоҳад буд; вале агар худро дар рӯзи сеюм ва дар рӯзи ҳафтум пок нагардонад, пок нахоҳад буд.
Худо низ туро ба сурати абадӣ вожгун хоҳад намуд, туро бе беху буньёд карда, аз хаймаат бадар хоҳад ронд, ва решаи туро аз замини зиндаҳо. Село.
Ва ба рӯзи сеюм тайёр бошанд, зеро ки дар рӯзи сеюм Худованд, пеши назари тамоми қавм, бар кӯҳи Сино фурӯд хоҳад омад.
Ва ба қавм гуфт: «Ба рӯзи сеюм тайёр бошед; ба занон наздикӣ накунед».
Ва оби пок бар шумо хоҳам пошид, ва шумо пок хоҳед шуд; аз ҳамаи палидиҳотон ва аз ҳамаи бутҳотон шуморо пок хоҳам кард.
Баъд аз ду рӯз моро зинда хоҳад кард; дар рӯзи сеюм моро ба по хоҳад бархезонид, ва мо дар ҳузури Ӯ зиндагӣ хоҳем кард;
Ва бар касе ки аз махав пок мешавад, ҳафт карат мепошад, ва варо пок эълон мекунад, ва парандаи зиндаро ба саҳро сар медиҳад.
Ва он чи аз гӯшти он забҳ боқӣ монда бошад, бояд дар рӯзи сеюм дар оташ сӯзонида шавад.
Ва шумо ҳафт рӯз берун аз ӯрдугоҳ хайма занед; ҳар кӣ касеро кушта бошад, ва ҳар кӣ ба мақтуле расида бошад, аз шумо ва асирони шумо, дар рӯзи сеюм ва дар рӯзи ҳафтум худро татҳир намояд.
Ва дар байни мо ва онҳо ҳеҷ фарқе нагузошта, дилҳои онҳоро бо имон пок сохт.
Ба ӯ гуфтам: «Эй оғо, ту медонӣ». Ва ӯ ба ман гуфт: «Инҳо касоне ҳастанд, ки аз азоби азим омадаанд; инҳо либосҳои худро шуста, бо хуни Барра сафед кардаанд;